Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Мўйсафед таи андешаи даролудаш аз сагча қаноатмандӣ ва арзи сипос менамуд: «Эҳмахлуқ… ҷонвари худо, ҷонвар…» Ва хашмгинона пой ба замин мекуфту туфу мекард.
Барф ба шиддат меборид. Сагча ҳам аз майдонча ба ҳар тараф медавид, вале бенатиҷа, беҳуда. Ҳамин ки дасташ ба домани орзуш намерасид, олуғда мешуд ва ноумедона сўяшон аккос мезад. Вале мўйсафед фақат як хоҳиш дошт: мекушид, ки худро ба наздиктарин бино расонад, то дар таҳхонаҳои рутубатноку гарму бадбў ва пур аз сусту анкабўт аз сармо паноҳ барад. Аз ин рў тамоми қувваташро ҷамъ карда қадамашро бардамтар рўи барфи намнок мегузошт, то накаловату наафтад. Дигар аз афтидан ҳарос дошт ва гумон мекард, ки ҳар лағзидану афтиданаш барои охирин бор аст, вале, не, боз бо ҳазор азобу машаққат аз ҷояш мехест. Ниҳоя худро ба даромадгоҳи таҳхонаи биное расонид, ба паланди дар дасташро тиргак гузошта «оҳ» кашид ва дар пиндораш гўё фосилаи бекаронро тай карда буд. Вақте дарро боз кард, бўи заҳ ба димоғаш зад.
Таҳхона торику намнок буд. Мўйсафед бо азоб аз кисааш гугирдро баровард, вале панҷаҳои карахту ларзонаш қодир набуданд, ки қуттиро боз карда, донаеро берун биёварда онро оташ зананд. Ў бори дигар пой ба замин куфта, туфу кард. Таваккул дастонашро чун нобиноён пеш гирифта, аз рўи ғариза қадам ба пеш гузошт. Аз бархурди дастонаш ба торҳои часпаки тортанак дилаш ғаш кард, вале маҷоли баргаштан надошт, боз қадаме пеш монд, ин бор пешонааш ба лулаи сўзони оби гарм бархўрд.

пешина
аз 341
навбатӣ