Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Аз эҳсоси дарди ҷонкоҳ фарёд кашид. Бо гузаштани чанд сонияи дигар таҳаммули дард, дастонашро ба лўлаи сўзон часпонд. Донист, балки аз рўи ғаризаи модарзодияш эҳсос намуд, ки ин таҳхонаи торику бадбў «хафоли» ў нест. Ў фақат барои худ ҳамин чизро ба яқин муайян кард, ки ин таҳхонаи пурароқу касиф ҳанўз соҳиб надорад. Дар ин миён панҷаҳои аз сармо карахташ сўхт. Бори дигар азми гугирд задану муҳитро омўхтан кард, вале, ин амал пас аз кўшишҳое зиёде барояш муяссар гардид: таҳхона дар ҳақиқат одам надида буд, дар гўшае чаҳор-панҷ шиори куҳнае рўиҳам партофта. Аз рўи ин аломатҳо тасмим гирифт, ки дар ин бино ким-кадом корхонае ҷойгир аст. Вале алҳол ин чиз барои ў аҳамияте надошт. Алъон ў мехост фақат як сарпаноҳе дошта бошад то худро аз асорати сармо бираҳонад. Бо одат кардани чашмонаш ба торикӣ шиорҳоро зери лулаи оби гарм рўиҳам гузошт ва барои худ аз онҳо тахти хобе таҳия кард ва болои онҳо дароз кашид. Шиорҳои кўҳнаву пўсида даридаанд, вале ў барои тағйир додани онҳо аз ҷояш наҷунбид. Ў гўё бо ҳамин ҳол ҳам қаноатманд буд. Фақат коҳилона андешид, ки чӣ фарқ дорад?! Вале ҳанўз болои «тахти шоҳонааш» ноосуда буд, ки сурфааш дубора хуруҷ кард, ба табларза табдил шуд. печутоб мехўрду месурфид ва гоҳ аз гоҳ садои зузаи сагчаро ҳам паси дари таҳхона мешунид. Ҳарчанд худаш аҳволи сагона дошт, боз дилаш барои сагча сўхт. Худаш беилоҷтар аз сагча буд. Табларза ва сурфаи шадид амонаш намедод. Аз таби баланд дигар ҳазён мегуфт, зиндагии дигареро аз сар мегузаронд.
Ў даруни қаторе нишастааст, ки дар умқи зулмати ҷангалистони анбўҳ гум мешавад...

пешина
аз 341
навбатӣ