Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Балъамӣ: Худо шоҳид, бо тафсил гуфтаи Шуморо ба амирам расонидам… Зиёда аз он, боз Симо – ал-Кабир дар миёна даромад.
Амир Исмоил. Пас, чаро амир бар ман хашм гирифтанд? Ва ё қазияи дигаре дар миён асту ман аз он бехабарам?…» (39, 76).
Фурсати ба китобхонаи боргоҳи умарои Сомонӣ бо ҳамроҳи писари хеш ворид шудани Исмоил низ хеле ҳунармандона тасвир ёфтааст. Нуктаи ҷолиб он аст, ки вақте Исмоил бо писараш Аҳмад ба толори китобхона ворид мешаванд, ба деворнигораҳои он назар афканда аз ў суол мекунад, ки оё мазмун ва моҳияти ин деворнигораҳоро медонад ё не? Сипас, худи Исмоил ба тавзеҳи онҳо мепардозад ва дар зимни ин воқеаи кўчак маҷмўе аз асотири қадимӣ нақл мешавад. Дар ин ҳолат чанд нуктаи муҳим ва махсусияти асар рўшан мешавад, ки ба таври умумӣ онҳоро метавон ин тавр бозгўӣ кард:

  1. Нависанда аз дониши фаровони таърихӣ ва асотири бархурдор аст ва мекўшад, ки ин маҷмўи он андўхтаҳояшро дар мувофиқтарин имконот ва ҳаракату амал ва гуфтори қаҳрамонҳои асар ворид кунад. Дар ин ҳолат агар аз назари аввал андўхтаҳои фаровони нависанда ва ғаномандии асар аз ахбори таърихӣ ошкор шаванд, аз сўи дигар қаҳрамони муаллиф ба унвони чеҳраи орифи таърих ва асотир ба ҷилва меояд. Ба ибораи дигар, нависанда хоҳони он аст, ки Исмоили офаридаи ў ба гунаи як подшоҳи одилу оқил, донандаи хуби асотир ва таърихи гузаштаи худ ба манзари тамошои хонандаи худ гузошта шавад.
  2. Бо роҳи нақли устураҳо ва тафсири деворнигораҳо Муҳаммадзамони Солеҳ мехоҳад, ки чеҳраи Исмоилро ба унвони муаллими ахлоқ ва ҳакими фарзона нишон диҳад, ки дар тарбияи маънавии фарзанди худ бетафовут нест.
пешина
аз 341
навбатӣ