Сояҳои шикаста

Бо он ки дар қиболи маҷмўи гирудорҳо ва ташаннуҷи сиёсӣ қарор мегирад.
3. Ҳангоми шарҳу тавзеҳи ин деворнигораҳо низ ҳарчанд равиши бозгўии устураҳо ҷилва дорад, вале муаллифи асар зимни ба қалами тасвир кашидани онҳо низ ҳунари нависандагии худро ошкор мекунад ва мекўшад, ки гуфтори қаҳрамон ҳам ба шахси манзури ў муассир бошад ва ҳам барои хонанда. Аз ин рў, дар ин ҷо ҷанбаҳои ҳунарии сабки нависанда бештар ҷилвагар шудаанд. Масалан, ин ҷо дар тасвири деворнигораҳо мехонем:
«Деворнигора аз тасвири дарахте азим, ки сар ба фалак кашидааст, оғоз мешавад. Дарахт, ки бештар ба сарв шабеҳ, аст дар миёни дарёи бузурге рустааст.
Даруни об ҷондорҳои дарёӣ гирди танаи он он ҷамъ шудаанд. Як навъ махлуқҳои афсонавӣ. Дар шохсораш анвои паррандагон лона гузаштаанд. Дар сари дарахт паррандаи азиме, бо пару болҳои бузургу зебое нишастааст. Дар соҳили сабзу хуррами дарё ҷондорони рўи замин дар мавқеъҳои мухталиф тасвир шудаанд. Шерон-нару мода ба истиқболи якдигар меоянд .Дар миёни онҳо ғизоле орому осуда ғунудааст. Аспи сафеде ба сўи уфуқҳои дур медавад, бе савор аст. Ва марде мусаллаҳ ба самти он асп равон аст. Ва офтоб аз паси мурғи афсонавии сари дарахт ҳамчун ҳалқаи заррини мушаъшаъ нурпош мебошад. Филе маст ба паланге ҳамлавар» (77).
Дар порчаи фавқ дар баробари ошкор гардидани мушаххасоти қаблан зикршуда арзишҳои ҳунарӣ ва хусусиятҳои сабки нигорандагии нависанда муайян мегарданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо