Сояҳои шикаста

Онҳо дигар нисбати ин ҷо будани ў эътироз мекарданд. Ва эътирози онҳо сагчаро ба даҳшат андохта буд. Ин сагҳои фарбеҳу доғ баробар, бо овизи ғафсу даҳшатбор аккос мезаданд. Худо накунад, агар марди ғарибе аз ин кўй гузар мекард, ҳатман гумон мебурд, ки ин хонаи бисёр қабата бояд сагхонаи донишгоҳи тиббӣ бошад. Дигар хел ҳам пиндоштан аз рўи мантиқи солим нест. Сагчаи бечораро ваҳшат гирифт, нафасаш дигар дарун зад, ҳамчун шаллоқхўрдаи мағлуб дум суст кард. Хайрият Ивон ё Мустафо ўро дар чунин аҳвол надиданд, вагарна таънаи таҳқиромези «думс»-ро, ҳамчу тамға барои рўяш мечаспонданд: Думс Ҳанўз барф ба шиддат меборид. Одамон шитобзада аз паси ҳоҷати худ мерафтанду меомаданд.
Садои баланди мутури мошинҳо дар фазои кўчаҳои ғализ печида буд. Сагча боз ба назди мағозаи хўрокфурўшӣ омад, вале аз ёрони мўйсафед касеро он ҷо надид. Чанд бор назди дуконҳои нону гўшт ҳам бо тарсу бо умед рафту омад, вале ҳеҷ фурўшанда ба ў эътибор надод. Боз ба роҳи омадааш қафо гашт, вале ин бор аз ҳайбати он сагҳои фарбеҳу маст ҷуръати паси дари хафоли мўйсафед рафтан накард.
Фақат аз майдончаи варзиш ба сўи таҳхона чанд бор беҷуръатона аккос зад. Ва боз сагҳои фарбеҳу бадҳайбат назди тирезаи хонаҳои гарму роҳат намудор шуданд. Сагча бо ҳасад, бо ҳавас ба сўи онҳо менигарист. Дигар нигоҳаш рўи шишаи тирезаи хонаҳои гарму равшан мелағжид. Ва гоҳ аз гоҳ садои нолишаш беихтиёр баланд мешуд. Ин ғиреви дардолуд саршор аз нафрат буд: нафрати азим нисбат ба ин зиндагиву ба ин сагҳои серу фарбеҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё