Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ва ў фарёд мезанад:
– Касе нест, ки Иброҳимро барои ин кирдораш қазоват кунад.
Ва хонаашон дар пеши назараш сабз мешавад.
Ва ў дар умқи зулмати ин хонаи сабз кўдакияшро мебинад, ки чун булури сармо ях баста аст…
Ва санавбарҳо – шоху навдаи ин хонадарахти азим ўро асири панҷаи худ мекунад… Ў боз фарёд мезанад:
– Чаро мегурезед, эй мардум! Қатори шумо дар зулмати ҷангалистони анбўҳ гум шудааст! Маро наҷот диҳед! Бо наҷот додани дигаре шумо худро наҷот медиҳед! Куҷо мегурезед, эй мардум! Ҳанўз кирдори Иброҳим қазоват нашудааст.
Ва мардум мегурезанд ба сўе, ки дар интиҳои он аз ҳама пош хоҳанд хўрд, гум хоҳанд шуд.
– Э дареғ!...
Ва ҳаракати сускҳоро дар сару рўяш, дасту пояш, дар тамоми вуҷудаш ҳис мекунад. Аз ин ҳисси ғализу ғашовар гўё ба худ меояд, гўё бедор мешавад. Ва аз асорати сахти сармо дар худ меларзад. Ба зўр аз ҷояш мехезад ва матои пусидаи шиорҳои рангпаридаро даронда ба пойҳои урёну тани лоғараш мепечад. Ва боз дароз мекашад. Ва оҳиста-оҳиста эҳсоси сармозадагӣ ўро тарк мекунад. Ўро дигар хоб мебарад…
Ва сагча паси дари таҳхона чанд лаҳзаи дигар нолиш мекунад, вале бенатиҷа. Дигар мўйсафед ором хуфта буд. Ва агар бедор ҳам мебуд мадоре надошт, ки аз ҷояш хезад ва дарро ба рўи ин дўсти бовафояш боз намояд. Сагча дар ин «гиряҳои» беҳосилаш фақат ба як чиз ноил шуд: Сагҳои серу фарбеҳи хонаҳои гарми ин паллаи биноро барангехт.

пешина
аз 341
навбатӣ