Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ва ў дар оғўши пур аз меҳрубонии зиндагӣ айёми беғамиву серии худро мегузаронд. Ва рўзе дар хонаашон марде пайдо шуд, ки то ҳамон лаҳзаҳо ўро дар ҷое надида буд. Аз ҳамон рўз баъд бахт аз ў рўй тофт. Соҳибаш ҳам дигар нисбат ба ў бепарво, беэътино ва номеҳрубон шуда буд. Кор ба ҷое расид, ки ўро тамоман аз ёд бурданд. Ва як рўз ҳам ўро аз хона бадар кардан. Аз ҳамон рўз бо сагҳои дайдуву бесоҳиби кўчаву майдончаҳои шаҳр ҳамроҳ шуд ва дигар ба назди соҳибаш барнагашт. Гўё ба иззати нафси сагонааш сахт расида буд. Вале гоҳ-гоҳ, ба мисли имрўз аз зиндагии пештарааш ба ҳасрат ёд мекард ва гўё дар таи дил худро барои ин худхоҳии аблаҳонааш сарзаниш ҳам менамуд. Баъди «қаҳрӣ»
шудану аз хона рафтанаш, дере нагузашт, ки ҳаво ҳам сард шудан гирифт. Рўз ба рўз гуруснагӣ мекашиду сармо мехўрд ва чунин муҳити зист барояш бегона менамуд. Ў сахт пушаймон шуда буд. Он қадар оштӣ кардан мехост, вале ҳеҷ илоҷ надошт. Гоҳе, ки бо собиқ соҳибаш рў ба рў меомад, вай худашро ношинос мегирифт ва ногумон аз бараш ҳамчун бегонае гузашта мерафт. Сагча ҳарчанд аз пасаш ғизғиз садо мебаровард, наздаш дум меликонд, натиҷа дошт. Ноилоҷ ҳар шабро назди дари хонаи соҳибаш ба рўз меовард. Ва боре ин тавр шуд: он марди ношиноси хона, ки алъон ҷои ўро гирифта буд, вайро дар шаби торики поизӣ ва майдончаи назди дари хонаи соҳибаш ронд. Ҳамин шуду сагча дигар ба сўи он хона нарафт ва ҳангоми тасодуфан бо соҳибаш дучор омадан худро бегона, ношинос гирифт. Дигар фақат ба ёди рўзҳои гузаштааш мезист. Тани танҳо дар майдонҳое сайр мекард, ки ҳар бегоҳ ва рўзҳои истироҳат бо соҳибаш ҳавои тоза мехўрд.

пешина
аз 341
навбатӣ