Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Дар ин гуна мавридҳо худашро зери тоқи осмон яккаву танҳо, ғарибу бечора ва гирифтор ба чунин ҳоле ҳис мекард. Ва он рўзе, ки бо мўйсафеди Ивон аввалин бор дучор омад, чунин аҳвол дошт.
Як рўзи офтобии тирамоҳ буд. Вай аз ҳар тарафи шахр садои овози пурнишот ба гўш мерасид. Вале он рўз фазои боғи майдони қаср аз садои фарбеҳи сагҳои сер мекафид ва агар бо ибораи дигар гўем, сагҳои фарбеҳи боғ фазои майдонро ба сар бардошта буданд. Сагча ҳам дили бедилон ба сўи Боғи майдон рафт. Ҳар чанд ба майдон наздиктар мешуд, ҳамон қадар ҳайраташ меафзуд. Даромадгоҳи Боғи Майдон, яъне дарвозаи боғ аз ду тараф бошиору плокотҳо музайян шуда буд. Ва дар ҳар плокат акси як саги бовиқору қонеъ ва хеле фохир акс гардида.
Вай ҳатто мисли қаҳрамонҳои варзиш ордене дар гарданаш ҳамоил дошт. Ин албатта акси нахустин қаҳрамонсаги кайҳоннавард Лойк буд. Сагча дар назди ин сурат то дергоҳ истод ва ҳайраташ ҳеҷ карон надошт. Ва ин лаҳзаҳо ба ҷуз Лойк дигар чизеро намедид, гўё дунё ҳама Лойк буд. Ў дигар дарду ғами худро фаромўш карда буд ва олам таи нигоҳаш подарҳаво менамуд. Дигар ҳама сагҳо, балки ҳама ҷонварон, ё ба қавли собиқ соҳибаш «махлуқҳо» дар нигоҳаш ба сурати ягона, яъне дар сурати Лойк ҷилва мекарданд. Ў дар худаш ифтихоре эҳсос намуд.
ва тамоми вуҷудаш аз оҳанги «интерносиёнол» моломол гардид. Бо ҳамин эҳсос, яъне бо эҳсоси он ки ту ҳам дар ин зиндагӣ, дар ин дунё арзише дорӣ, бо дигарон баробарӣ, озодӣ ва тамоми дигар ҷонварон бародарони туанд, вориди Боғу Майдони Қаср шуд.

пешина
аз 341
навбатӣ