Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ба ҳар навъ аз ин хилват миёни издиҳом буданд амнтар аст. Вале амн худ чӣ мафҳум аст? Амн ҷоест, ки мо набошем! Сагча худро ба канори дигари Боғи Майдон гирифт. Он ҷо мардуми зиёде зери сояи ғафси нахлҳоиазим рўи харакҳо нишаста буданд ва бо шўри шааф аз кирдори сагҳои серу фарбеҳу шоиста кайф мекарданд. Ва дуртар аз онҳо миёни сабзаҳо мўйсафеде танҳо нишаста матоеро наздаш паҳн карда, ордену медалҳояшро болои он чида буд. Гоҳ аз гоҳ овоз мебаровард, ки «арзон мефурўшам», вале касе ба матои бозори ў мароқ зоҳир намекард. Сагча ҳам каме дуртар аз мардумон, аминтар аз мардумон дар муқобили мўйсафед сари ду по нишаст ва нигоҳашро аз ў намеканд. Дигар ҳар ҷунбиши мўйсафедро таи чашм гирифта буд. Ва мўйсафед низ ҳузуру нигоҳи сагчаро ҳис кард. Дигар миёни онҳо як иртиботи гунге пайдо шуда буд, гўё онҳо аз дере замон ҳамдигарро мешинохтаанд. Сагча аз ин иртиботи гунг дар худ нисбати мўйсафед дилгарми ёфт.
Вале боз аз рўи ғариза ҷуръат намекард нисбат ба мўйсафед садоқаташро ифода намояд: ба по мешуду боз ба ҷояш менишист. Мўйсафед, гўё ин беҷуръатии уро пай бурда бошад бо меҳрубони вайрон фаро хонд, вале сагча ҳанўз бадгумон буду рўи ошноӣ намедод.
– Лойк!- гўшҳояшро сих мекунад ва лаҳзае чашмонаш медурахшанд. – Лойк, баҳ-баҳ, ин ҷо биё. – Ва аз кисаи баронияш қоғази печидаеро берун мегирад ва пораи ҳасибро пешаш мепартояд. Сагча бо ҳирси тамом онро фурў мебарад ва боз интизори луқмае мешавад. – Ҳар чиро камаш хуб аст, вагарна беқадр мешавад.

пешина
аз 341
навбатӣ