Сояҳои шикаста

Дар ҳақиқат дунё чаппа шуда буд. Аввалин чизе, ки ўро дар Боғи Майдон ба шигифт овард, ин буд ки худро дар назди тоифааи гуногуни сагҳои фарбеҳу сер ва «хизматнишондода» ва ё он чунон ки туфайли Қонун имрўз қабул шудааст «Шоиста» хеле ҳақиру бечора ва то андозае бегона ҳис кард. Ҷўз ў дигар ҳама ба гардан тавқи заррин доштанд ва сари синаҳои паҳну равғанияшонро ордену медалҳои зиёде зиннат медод. Шукўҳи онҳо ба ҳадде буд, ки ҳатто зимомдоронашон назди чунин ҷалолат хираву ночиз менамуданд, ҳар чанд, ки виқору салобати онҳо низ аз сагҳояшон камтар набуд.
Онҳо гурўҳ-гурўҳ дар роҳравҳои Боғи Майдон сайр мекарданд. Аввалин бор буд, ки сагчаро аз вазъи аҳволи ноҳинҷори худ шарм меомад. Ў ҳатто чунин ҳолати афсурдагарро ҳини аз хона рондашуданаш эҳсос накарда буд. Аз ин ҳисси бегонагӣ худро ба бероҳа, ба зери нахлҳои азиме кашид. Ва дар он ҷо ҳам худро осуда эҳсос карда натавонист. Ў акнун аз як иштирокчии иди сагон ба як назорагар табдил ёфта буд. Дигар эҳсос болидарўҳӣ, ифтихормандӣ таи дилаш мурда буд. Акнун бо тамоми вуҷудаш нигоҳи хеле бокароҳату нафратбори сагҳои серу фарбеҳ ва ҳатто «шоиста»-ро нисбат ба худаш эҳсос менамуд, аз ҳар чунин нигоҳе афсурдатару афшурдатар мешуд. Ва ҳатто як саги баландболову фарбеҳ ва хеле «шоиста» (бино ба медалҳои зиёди сари синаи фарбеҳаш) ба сўи ў хашмгинона ғуррид ва кўшиши аз дасти соҳибаш раҳо шудану ўро чун пўстаки хушкида пора-пора кардан хост. Ин бор сагча битамом афсурд ва дум суст карду аз он ҷо дур шуд. Дигар мекўшид, ки худро аз нигоҳи хашмини онҳо ба канор гирад, дар назарашон нанамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё