Сояҳои шикаста

Маҳз ҳамон лаҳзаҳо дубора бо хуну пусташ иқрор намуд, ки тамоми офариниш аз як зот ҳастанд. Ин ҳамзотӣ агар ба мисли чанд соати пеш дурўғу фиребо набошад, пас як Ҳамоҳангии мутлақ ба тамоми дунёст.
Вале афсўс, дар олами моддие, ки Лойк мезист, ҳеҷ чиз ба ҷуз аблаҳӣ, мутлақ набуд. Ҳама чиз баста ба чизест. Ончунон ки алъон озодӣ, хушбахтии ў баста дасти мўйсафед аст. Тамоми дунё ҳам баста ба дастест. Вале Лойк аз садои ордену медалҳои «ҷангиву меҳнатии» сари синаи лоғару тангаш хушбахтиро эҳсос мекард ва ин садо ба гўшаш аз форамтарин садоҳои дунё буд. Ў аз ин садоҳо кайф мекард, фахр мекард ва бо сари баланд пешопеши мўйсафед мерафт…
Ҳине онҳо бо ин вазъи аҳвол, яъне ҳолате ки дар одамон як ҳисси инзиҷорро меангехту то андозае гўё оҳанги эътирозӣ ҳам дошт, мўйсафед таи андешааш тааққул карда буд, ки ин рафтораш ўро ҳеҷ ба натиҷаи хайр намеовард. Бо вуҷуди он ў сир бой намедод ва чунон вонамуд мекард, ки як кори муқаррарӣ, рўзмарраву беаҳамиятро анҷом медиҳад. Ў кайҳо дар дилаш пушаймон шуда буд, вале намехост ин махлуқи маъсуму зудбоварро ноумед кунад. Сарфи назар аз ин ҳама ў дар андешаҳояш хешро бовар кунонданӣ мешуд, ки дар сурати ин сагча як ҳамсўҳбати доимӣ ва беғаразу бетамаъеро пайдо намудааст. Дигар зиндагияш дар кунҷи узлату номеҳрубононаи оилааш, ки аз писару сунҳораш иборат буд, тағйир хоҳад ёфт ва рангин хоҳад шуд. Вале ин тавр нашуд. Дар хона пайдо шудани сагча ҷанҷоли калон сар зад. Сунҳоро бо андешае, ки то ин «пирсаг» зиндааст ё ин ҷост ў рўи саодатро нахоҳад дид, аз хона баромада рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё