Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ҳарчанд мўйсафед дар ин мағали оилавӣ бевосита ширкат надошт, вале сабабу боиси он буд.
Мўйсафед гуноҳкорона аз ҷангҷол гурехта, худро даруни ҳуҷраи тангу ифлосаш гирифт, ки моҳҳои охир рўи ҷорўбро надида буд. Дарро ба рўяш баст.
Ҳуҷрааш хеле торику бадбў буд ва аз гирифтагии хотиру вазъи парешон ва нигаронии мудҳише наёрист хеста чароғро гиронад, тирезаро лаҳзае боз намояд.
Ў бо ҳоли ғарибу музтариб ва лоуболона болои рахти чиркини хобаш ҳайкалвор менишаст.
Андешааш он қадар печидаву чигил афтода буд, ки наметавонист фикрашро ба самте равона созад, дар бораи чизе, мушахасан фикр кунад. Чашмаш дар чашми сагча хира шуда буд, ба чашмоне, ки умқашон хеле тираву холӣ менамуд, чашмоне, ки ба ў гунаҳкорона менигаристанд… Ва дар хонаи дигар писару сунҳораш хархаша бардошта буданд. Ў ба тарсу бим ба ин ҷангҷол гўш мекард.
– Худаш кам буд, ки боз… – овози гиряолуди сунҳорашро мешунид.
– Ин шармандагиро намешавад…– ў аз шиддати ғазаб наметавонист андешаашро ба поён расонад.
Фикраш канда-канда садо медод ва бунёди мўйсафедро фурў мекард.
– Хайр чӣ шудааст? Боз чӣ хел шармандагӣ? – гунаҳкорона мегуфт писараш «чӣ шудааст» будааст!
Боз «чӣ хед шармандагӣ» будааст?! Ба кўча боз барою ба гапи мардум гўш кун, ки дар ҳаққи падари майзадаву девонаат чиҳо мегўянд. Э хок барсарам, ба куҷо афтодаам!... Ин чӣ зиндагист!... Ин чӣ рўзе сиёҳе буд, омад ба сарам!!!

пешина
аз 341
навбатӣ