Сояҳои шикаста

Ҳамон замон буд, ки шўълаҳои камфурўғи оташи муқаддас мерақсиданд. Ҳамон замон буд, ки Маздак бо ҳавоси парешон бо худ ҳарф мезад.
– Ман аз номи ту дурўғ мегўям, эй Маздо. Ман бо ин дурўғ, ки бо номи ту сахт марбут хоҳад буд, одамонро озоду хушбахт хоҳам кард. Озодӣ…
Мерақсиданд шўълаҳо.
Меларзид сояи Маздак ба девор.
Тўдаҳо ҳанўз бо суруди «Мурлиспанд» аз назди оташкада мегузаштанд. Ў садои онҳоро мешуниду аз худ мепурсид: Озодӣ чист?
Ҳамон замон буд, ки Борбад ба худ иқрор кард:
«Худоҳо камфурўғ гаштанд.»
– Ва он марди саргаштаи биёбон, он соҳиби Уштури Сафед ҳам ба мардуми Эронзамин чунин гуфта буд: «Мурлиспанд».
– Ў ки буд? – ба зўр овоз баровард Зутар.
– Як маздакии гурезае бо номи Рўзбеҳ. Ман ўро мебинам. Саргаштаи биёбон… Соҳиби Уштури Сафед…
Ин бор Борбад ба ҷои уду испанд барбаташро ба коми оташ андохт. Бо хавоси прешон, бо андешаи тира, бо забони пурҳарф. Вале зутар гунгасту кар, намефаҳмад аз ин суханҳо.
Мерақсанд шўълаҳо.
Меларзанд сояҳо.
Созҳо месўзанд даруни шўълаҳо пурсадо.
Мурлиспанд!..
Ман ўро мебинам!
Ва ў он саргаштаи биёбонро даруни шўълаҳои рақсон мебинад. Ва мехонад суруди биёбонро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё