Сояҳои шикаста

Осмони жарф дар уфуқҳои дур оташ гирифтааст.
Ситораҳо дар лағзиши пуршарори худ чодари сиёҳи зулмат медаранд ва дар паҳноҳои сарду сиёҳу бегиёҳи реги равон хок мехўранд. Моҳтоб ҳам як фурўғи рангпаридаву дудгуне дорад. Хазандаҳову парандаҳои шаб хафоли худро аз паи дарёфти тўъмае тарк мекунанд Бод мерақсад зи дунболи фано.
Уштури Сафед мехўрад пешпо.
Ин аст савти оҳанги биёбонҳо.
Ў ягона мардест тани танҳо дар ин биёбон, ки бо диле пурбим, андешаи машкук роҳ мепаймояд ба сўи ҷовидона саробҳои ҳавлангез, кишвари дурўғзо.
Меравад ба роҳе, ки биёбон аст. Биёбон роҳест, ки набарад ба ҷое. Набарад ба ҷое магар ба сарманзили сарсониву бунбастҳои матарг.
Уштури Сафед мехўрад пешпо.
Бод мерақсад зи дунболи фано.
Ин аст савти оҳанги биёбонҳо.
Боре ҳам Кабуҷия аз ин ҷода ба ҳеҷ куҷо лашкар кашида буд. Оре, оре биёбон ҳамон ҷодаест, ки мебарад бар манзили на ту ҳастиву на ман, на сури Исрофил асту, на дами ҷонбахши масеҳо, на шарори лолагуни тури Сино… фақат бод мерақсад зи дунболи фано. Дигар Уштури Сафед ҳам кундапо шудааст, дигар пойҳои дарозу бемадорашро коҳилона мекашад рўи реги равон. Ва худро паси гаревае медиҳад паноҳ зи рақсанда боди биёбон. Вале ба ваҳшат меояд аз фарёди галаи сагони ваҳшӣ, аз корвонмонда сагҳои дайду. Аз зузаи пурдарду хашмину гуруснаи онҳо меафтад ҳарос ба ҷонаш. Уштури Сафед аз тарсу хастагӣ зону ба замин мезанад ва парандае ба хашм аз болои сараш парвоз мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё