Сояҳои шикаста

– Гиряолуд, вале бо хашму қатъият сари шавҳараш борони маломат мерехт.
– Ин зиндагӣ ба дилам зад! Бас! Сер шудам! – Вале дар фароварди суханаш гўё хашмаш паст шуда бошад занашро ором кардан хост.
– Охир чӣ кор кунам?!
Ва занаш ҳеҷ паст намеомад, аз пештара боз қабеҳтар суханҳо мегуфт:
– Ў девона шудааст! Ман ин ҷо девонабон нестам!
Дигар мўйсафед натавонист хашмашро фурў нишонад ва бо суръат аз ҳуҷраи тангаш бадар шуда ба сари писараш тохтан овард. Аз ғазаб тамоми вуҷудаш меларзид.
– Ту чӣ мардӣ?! – Мўйсафед аз ҳаяҷону изтироб дигар суханашро гум кард. Охир барои аввалин бор бо писараш ба пархош афтода буд. Торсание ба бори рўи писараш зад. Аввалин бор буд, ки ба сари писараш даст мебардошт. – Ту чӣ мардӣ? – Ва боз торсакии дигаре бари рўи писараш задани шуд, вале дасташ дар ҳаво муаллақ монд. Онро натавонист поин орад, гўё дар фазо шах шуда бошад.
– Дайюс! Зўрат ба занат намерасад, вале…
Мушти писараш ўро аз пой даровард. Мўйсафед ба мисли кундаи береша афтиду аз ҳуш рафт. Аз гўшу бинияш хун метаровид. Ва сагча аз тарс дар кунҷе хазида, бо ҳарос ғиз-ғиз менолид.
Он рўз ва рўзҳои дигарҳам гузашт. Зиндагӣ зери тоқи ин хонадон ба маҷро надаромад. Моҷаро ҳамоне буд, ки буд. Мўйсафед ҳам ҳеҷ натавонист хашмашро фурў нишонад ва ҳеҷ набуд, ки таскин ёбад, балки соат ба соат, рўз ба рўз дар мегирифт. Барои ў таҳаммулнопазир буд, ки чӣ сон метавонад фарзанд бар падараш мушт бардорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё