Сояҳои шикаста

Ҳуҷра ба суръат мелағзад, дар масири хеш мечархад, ба мисли гирдбод, ба зўри девбод.
Ва аз осмони гирифтаву тира ба мисли дили бахил хармўш мебарад.
Ва марде тани танҳо дар кўчаҳои тангу ифлоси як шаҳри ношиносу вабозада, ҳаросноку пурбим, бемуродона, гум карда сар аз пой гардиш мекунад.
Аз хама сўйи шаҳр садои бозори малахҳо ба гўшаш меояд. Малахҳо болои шаҳрро чун гунбазе фурў печидаанд. Ҳеч хармўше аз осмон ба замин раҳо намешавад. Аз осмони шаҳр устухони тозаи хармуш мерезад ва зери гомҳои беҷуръатонаи ин мард ҳазин-ҳазин садо дармеоваранд. Малахҳо онҳоро дар ҳаво тоза мекунанд ва имконияти ба замин афтодан намедиҳанд. Ў ба ҳайси ягона мавҷуди зинда аз ҷинси одам дар ин шаҳр боқӣ мондааст. Ин офот фақат чаҳор рўз аст, ки тўл мекашад ва аз зинда боқӣ мондани ў ҳувайдост, ки аз шиддату воҳимааш коста шудааст. Дар шаҳр ба ҷуз ў каси дигаре боқӣ намондааст. Дигар аз ҳеч куҷо – на аз кўча, на аз хона садои ҳазину таболуде ба гўш намерасад. Дигар нолаҳои дардолуд, фарёдҳои таболуд даруни ин ягона марди шаҳр садо медиҳад. Мурдаҳо гиря мекарданду бо ашкҳои марворидгун, ханда мекарданд... таҷзия мешуданд, ёхтавор – бозгашт ба асли нахустини ҳаёт!..
Дигар шаҳр бў гирифта буд.
Дигар малахҳо сер шуда буданд ва ҳамроҳ бо хармушҳо тап-тап ба замин мехўрданд.
Дигар марди танҳои шаҳр ду даст тори сар монда буд ва фирор мекард, бо худ гирифта ин кобусро.
Ва Аҳмад Ниё аз шиддати дард фарёд мезанад: ...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё