Сояҳои шикаста

Чи бўсаи сарде! Раг ба раги вуҷудаш меларзад. Поҳояш карахту беҳис мешаванд, сард мегарданд. Осеманазар бар чашмони ин зан хира мемонад: Онҳо тиҳистанд! Ва кирмҳои марворидгун аз роҳи нигоҳ бар синааш меафтанд, ба мисли жола...
Ва пирамарди хаставу ноумед Афтода дар кунҷе
Мезораду менолад:
– Хунбаҳои ишқи маро ҳанўз надодаанд Ин духтарони шўхи шаҳр
Ҷавонии ман ҳанўз саргардон аст.
Дар баҳори лолазори даштҳо Дар хилоли гесўвони парешоншуда дар бод Ман ҳанўз ҷавонии хешро хоб мебинам Асире дар ҳисори сиёҳи деворҳо Овехта дар болори кирмзадаи сақф Аз хилоли равзанаи нур
Зи дунболи бод
Чашм ба роҳ...
Ў ҷавонии хешро хоб мебинад.
Ки ҳанўз ба умеди закоти ҳусн аст.
Ки ҳанўз дар талаби оби хаёт аст Вале Арванд хушкидааст...
Ва як қатра ашк мўҷиби барангехта шудани тўфон мегардад...
Ва моҳиҳо парвоз мекунанд Парвонасон гирди фуруғи моҳ мечарханду мерақсанд Ва чун ситораҳои рахшон дар паҳнои зулмат дил мезананд Ва дар гирдбоди тираи Каҳкашон фурў мерезанд Мисли марворидгун ашкҳо аз чашмони тиҳӣ аз нигоҳ...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё