Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Бо ин эҳсоси ҳавлноку ғашовар гўшии телефонро ба сўе партофт. Гўшӣ дар қирраи миз бархўрду ду ним шуд. Хайрият фақат баданаш шикаста ноқилҳояш солим монда ва ҳанўз морсон садо медиҳад. Гўширо бо зимод шикастабандӣ намуд. Дигар хотираш то андозае осуда мешавад. Дигар имкони иртибот гирифтанаш бо ў вуҷуд дорад. Ў ҳатман пеш аз омаданаш занг хохад зад. Агар... Ахмад Ниё ин андешаи ғамангезро зуд аз сараш бурун ронд. Ў намехоҳад, ки зиндагии вай ҳам ба мисли дигарон фарҷом пазирад. Ҳанўз суханашро, тасмимашро ба ў нагуфтааст.
Худо накунод, агар... ноинсофӣ мебуд.
Ҳеҷ мумкин нест! Не!!!
Ва зан дубора ба болои пул баргашта буд. Парешон менамуд. Нигоҳаш рўйи амвоҷ мелағжид.
Чашмонашро об бурда буд. Дигар ў бо пул ҳамроҳ рўйи рўд мелағжид. Сараш гиҷ мерафт. Аз пардаи семонтии ҳошияи пул бо ҳарду дасташ медошт. Вале ба тифлаш намерасид, ўро наметавонист дарёбад. Ў кайҳо ба дарё рехтааст, моҳӣ шудааст...
Навор канда мешавад. Ахмад Ниё ба дард меандешад. Ту набояд ҳамчунин коре бикунӣ. Ту дигар ба худат тааллуқ надорӣ, масъули дигарон шудаӣ.
Онҳо туро интизоранд! Умедворанд, ки ба дасти тиҳӣ барнамегардӣ. Ҳатман...
Дигар телевизион ҳам худкора шуда буд. Намоишҳояш аз як шабака ба шабакаи дигар интиқол меёфт. Мисли сари пурдарди ў! Мисли ҷасту гурези андешаҳои дардзои ў! Парвариши зеҳн, балки зеҳни парваришёфта бар гунҷоиши дард меафзояд.
Ва зан мушти таҳдид меафшонад, ки ҳатто ин рўди муталотум афкори бузургро зинда ба зинда меҷўшонад, нобуд месозад.

пешина
аз 341
навбатӣ