Сояҳои шикаста

Ин чӣ ҳол аст? Хоб ё бедорӣ, рўъё ё ҳастӣ? Ин чӣ ҳол аст Худоё?! На ҷодае маълум, на марҳилае маълум. На тапидан асту на давидан. Фақат як зулмате, ки умеди дамидани субҳ даруни он мурда. Зулмате пур зи ғавғо. Ў зи куҷо мегурезад, ба куҷо мешитобад? Ва ё ба назараш менамояд? Ба назараш менамояд. Онҳо ба қаъри зулмат фурў мераванд ба зулмати шаҳри шоҳмотгуне, ки ҳама мардумонаш ноқисанду маъюб. Ҳама зи як забонанду безабонанд. Ҳама хешанду бехешанд. Ҳама модаранду фарзанд, ҳама шаҳваранду хоҳар. Хоҳар шуда зани бародар, фарзанд шуда шўи модар. Ин шаҳрест офатзада, шаҳрест, ки одамонаш мекашанд бори шикам. Эроншаҳр ҳамчунин менамояд ба назараш. Ва ў савори Уштури Сафед меояд, меорад наҷоташ. Мурлиспанд! Ў ба қаъри зулмат фурў меравад.
Даруни пиндори пурбимаш олам ба садо меояд.
Садоҳои ба ҳам махлут. Ба мисли бозори пашшаҳо.
Мағале чу рўзи маҳшар. Вале ў мешиносад соҳибони овозро. Миёни мағал фарқ мекунад каломи тамасхуркунандаи Рустамро. «Ин дук чист, ки ба даст дорӣ?» Мешунавад посух зи аъробӣ. «Оташпораро аз кўчакиву бузургӣ набошад айбе». «Ғилофи шамшери туро басе кўҳна мебинам». «Ғилофи шамшер агарчи кўҳна, вале теғ нав аст». Онҳо намефаҳманд ҳамдигарро. Яздигурд, медиҳад пайғом: «Дар ҳамаи олам даргоҳе аз даргоҳи мо анбўҳтар нест, хазонае аз хазонаи мо ободонтар нест, лашкаре аз лашкари мо далертар нест. Чандон созу сомон ва олат, ки мо дорем, касе надорад…» Ва аз дурҳо, таи андешааш посухи Алиро мешунавад:
«Оре, даргоҳи шумо анбўҳ аст, валекин аз мутаззалимон, хазонаи шумо обод аст, валекин аз моли мардум ва лашкари шумо далер аст, валекин бе фармон…»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё