Сояҳои шикаста

Ва аз шаҳриз меоядаш ба гўш: «Чун давлат рафт олату созу сомон суде надорад». «Ин ҳама далел аст бар бедавлатии шумову заволи шумо».
«Бархе аз шумо бандагони бархе дигаранд».
Ин фарёдҳо сақиб аз қаламрави зулмат баланд мешуданд. Ба мисли фарёди истиғосаи як шаҳри шатранҷгуне, ки ҳама мардумаш бори шикам мекашанд:
«Мурлиспанд!»
Онҳо қаламрави зулмат поин мераванд. Аз наъраи нуфўзкунанда, ки мағали пурбиму ваҳмро монад, лол мешаванд. Рўзбеҳ даруни ин зулмати пурбиму пурмағал, аз шарори ҷараққаҳои куланг, миёни анбўҳи тозиён мешиносад соҳиби овозро. Мебинад соҳиби наъраи сақибро. Ў чакуш бар санг мезанад, ҷараққаҳои оташ пош мехўранд:
«Дар шарори нахустин кўшкҳои Ҳира ва Мадоинро, дар шарори дуввум кўшкҳои Руму дар шарори охир кўшкҳои Санъоро дидам ва Ҷабраил суруш овард ба ман, ки ҳамаи онҳо аз они пайравони ту хоҳад шуд.»
Ин садои пайғамбари як даста тозиёни корвонмондаи биёбонҳо буд. Онҳо ваҳшигуна, гуруснаву доғ фарёд бармедоштанд.
«Сарзамини Ҳиҷоз набояд хона ва маскани шумо бошад. Дар ин ҷо шумо танҳо метавонед алафу хўроку шутурҳои худро биҷўед, фақат барои ин манзур дар ин сарзамин тоб биёваред. Куҷо ҳастанд муҳоҷироне, ки аз ватани худ кўч баста, аз ваъдагоҳи Худованд, дурӣ гузидаанд? Бираведу сарзаминҳое, ки Худо дар китоби худ фармуда шуморо вориси он кунад, ба ҷанг оваред.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё