Сояҳои шикаста

Вале афсўс, дар назди Шумо дурўғгўй шудам, натавонистам бар ваъдаи худ содиқ монам. Ин як амри хеле мушкил будааст, балки як кушиши беҳуда, зеро ин зиндагии кобусгуни ман он қадар дар ҳам печидааст, ки намешавад онро марҳилабандӣ кард, ё ҳам ҷудо намуд. Шояд, агар ихтилоле дар мағз намедоштам, метавонистам аз рўйи мантиқ андешаамро баён намоям. Вале алҳол аз Шумо маъзарат мехоҳам, ки барои сараро аз носара ҷудо кардан ба Шумо заҳмат медиҳам.
Бовар кунед, ман фақат ба ақли рўшанӣ шумо такия менамоям. Охир шумо ягона касе мондаед, ки ақли солим доред. Ҳатто барои ин ифодаи таҳқиромез бовар кунед, ҳамчунин аст, аз Шумо маъзарат мепурсам. Чӣ илоҷ, замона ҳаминтавр шудааст. Як девонаи занҷирӣ амали ҳамчуни шахсеро қазоват мекунад. Магар ин таҳқир ба ҷаноби Олишон нест?
Дареғо! Дареғо! Дареғ! Вале хоҳиш мекунам, он қадар гуфтаҳои маро ҷиддӣ нигаред. Худам мушоҳида кардам, ки Шумо ба ҳар лачу пуч эътибор медиҳед.
Инкор накунед. Дирўз, яъне рўзи сешанбе авзоятон хеле тағйир ёфта буд. Шумо ҷиддан, балки ба ташвишу изтироб чизеро меҷустед. Вале фақат ман медонистам, ки Шумо чӣ меҷўед. Шояд ин хулосаи ман ғалат бошад, шояд то ба ҳол номаи ман ба дастатон нарасида бошад ва шояд ҳеҷ гоҳ ҳам нарасад. Вале ҳавоси мушаввашатон маро ба чунин хулоса оварда буд. Аз баҳри худо ғами мо бечорагону гирифторонро хўред. Охирин умедро, ки Шумост, дар дили музтариби мо накушед. Худо накунад, пас мо чӣ кор мекунем. Шумо фаромўш накунед, ки дар баробари як шаҳр масъулият доред. Агар ғами мо надоред, масъули ин масъулият бошед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё