Сояҳои шикаста

Бо таваллуди тифл Ояндаро ба вуҷуд меоваранд ва худ Гузашта мешаванд. Аз ин рў онҳо мояи шарр ҳастанд. Вале рў ба сўй Оянда доштан хеле хатар аст. Ин ҷо мегўянд, ки барои маҳкумияти оянда аҷойиб василаҳо даҳшатовар аст ва ҳатто хатарноктар. Инҳо ҷизҳое ҳастанд, ки одам бояд худаш фаҳмад, фақат дар худаш иқрор кунад. Худо накунад! Алҳол ки ин номаро менависам, тарс даруни андешаам ноқуси ваҳшат мезанад. Худо накунад, касе огоҳ бишавад, ки ман нома менависам, бо касе ибрози андеша мекунам ва ба берун аз девонахона иртибот дорам. Шумо оё хатари маро ҳис мекунед? Алҳол беш аз он аст, ки мепиндоштам. Умедворам баъди хондан онҳоро нобуд мекунед, то ба дасти дигаре наафтанд. Имкон дорад боиси зиллати ҳазорон ҳазор девона шаванд.
Аҷиб ҳолатест. Ҳама чизе, ки ба Шумо мегўям ва аз онҳо Шуморо барҳазар медорам, дигар маънӣ надоранд. Зиндагӣ дар ин шаҳр бемаънигист. Худи Шумо ин чизро аз ман ҳазор бор хубтар медонед.
Вале он чи ба шумо мегўям, шояд дар оянда барои кушодани баъзе муаммоҳо калиде шавад, ба мисли пешгуфтор. Ман ба Шумо алҳол пешгуфтори гузаштаро менависам. Аз ин нуқтаи назар, аз ин дидгоҳ шояд гуфтаҳом он қадар бемаънӣ, беарзиш нанамоянд. Агар ҳар чизро дар ҷойи худаш истифода барӣ, моҳият пайдо мекунад. Забони одамӣ аҷойиб мўъҷизаест. Он қадар лағжанда, шаффоф ва сербуъд аст, ки ҳайҳот. Худи мафҳуми моҳият дар кадом Замону Маконе, ки бошад, фақат барои Оянда кор мекунад. Пас моҳияти ҳама чиз ба Оянда нигаронда шудааст. Ояндае, ки мармуз аст ва ҳеҷ кас дар бораи он тассавуроти мушаххас надорад ва дошта ҳам наметавонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё