Сояҳои шикаста

Ҳама кушандаи Афросиёб. Охир Масир Анҷом надорад. Ба мисли Офариниш,ба мисли Ман! Яъне, мим алиф,нун… Муйсафеди гандида ҳанўз дар беруни шаҳр аст. Пушт ба тани сафедори.
хушку кирмзада ниҳода. Интизор аст. Ў ҳанўз метарсад, ки ба шаҳр ворид шавад. Ва шаҳр бўи ганд мекунад. Аз шаҳр бўи ганд меояд.
Иродатманди Шумо 1:3999999 Чаҳоршанбе, нўҳуми даймоҳи соли 1370.
P.S. Магар худи Шумо тағйиротеро дар шаҳр мушоҳида накардаед? Магар диди сўхторҳо ашкатонро намеовардед? Барои ин густохӣ аз Шумо узр мепурсам. Бисёр чизро дидану донистан ҳам хавф дорад, хатарнок аст. Барои ҳамин ҳам бояд одами бофаросат. Яъне инсон худашро ба нодонӣ занад, худашро нодида гирад. Ин ҳафозаткорӣ баройи худ аст, то то ки хешро саломат ба Оянда бирасонад. Вале ин корест барои оянда. Бовар кунед, аз авзои изтиробзадаатон мушоҳида мекунам, ки суолҳои ман на ба нишонии Шумоянд. Шумо дигаред. Шумо ҳамон умеде ҳастед, ки ба мисли гулбарг нозук аст ва ба монанди шабнами рўйи ин гулбаргҳо. Метарсам, бовар кунед метарсам, ки фикрамро, то ба охир ифода намоям. Фақт як чизро ба Шумо гуфтаниям. Он завлонаҳои холие, ки ҳар рўз дар кўчаву пасткўча, гулгашту майдонҳои шаҳр меафзоянд. Завлонаҳои дасту пои кўдакону наврасону занони шаҳрванд. Онҳоро ин махлуқо мехўранд. Худро аз ин махлуқҳо барҳазар доред.
Ба нозирони девонахона ҳам бовар накунед. Онҳо ҳам бо ин махлуқҳо як шабоҳати ботинӣ доранд.
Ин чизҳоро барои он мегависам, ки шояд минбаъд ба ин тафсилҳо барнагардам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё