Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Чаро одамро хўрда назанад?! Беҳуда…»
Ў панҷараро боз намуд. Ҳавои мартубу хоколуд ба димоғаш зад. Сурфааш авҷ гирифт ва деҳро сироят кард. Аҳли деҳ бо садои сирояткунандаи сурфа бедор шуд. Бо сурфа бедор шуд. Дигар ҳама месурфид. Муйсафед аз хона бадар рафт.
Осмон сахт гираҳ баста буд. Офтоб паси абрҳои хокистаргун ба ранги парида ҳаракат менамуд.
Ҳаво дам буд ва бўйи шўрхок мекард. Ва қасд дошт ба мисли деворҳои шўразада, ба мисли васаҳои кирмхўрда ба мисли даруни одамони деҳ фурў резад.
Муйсафед ҳанўз месурфид ва бо ҳар бори сурфидан гумон мебурд, ки лахте аз шушаш ба даҳонаш меояд. Ҳеч наметавонист ё сурфа амонаш намедод, ки таҳорат кунаду намози бомдодияшро/ Ҳарчанд қазо шуда бошад ҳам/ бигзорад. Ў ҳеч натавониста буд, ки намози бомдодиро дар вақташ адо намояд. Имрўз ҳам намозаш қазо шуда буд. Имрўзҳам ғафлат карда буд, ё натавониста буд аз ҷойгаҳи мартубу бўйи шўрхокгирифтааш хезад. Ҳанўз дар бораи хоби дидааш меандешид ва чунин мепиндошт, ки ҳанўз хоб мебинад, ҳанўз дар асорати рўъё мондааст. Сурфидану қазои намоз ҳам кобусест. Офтоби рангпаридаву осмони гирифтаву хокистаргун ҳам дар рўъёст. Худоё, ин кобус ҳеҷ поёне дорад? Беилоҷишҳам кобусгун аст. Фақат дар кобусҳо инсон нотавону гирифтор ва беилоҷ аст. Ў даруни рўъёҳои хеш пир шудааст. Зиндагие, ки билкул кобус аст, дўзах аст, ўро пиру нотавон кардааст. Ў ҳеҷ гоҳ!...
Вагарна парда аз рўи ин зиндагии кобусгун медаронд, аз ин дўзах фирор мекард. Он қадар дар ёдаш аст, ки таи ин зиндагӣ, фақт як ҳадаф доштааст ва он ҳадафҳам беш аз як орзу набудааст: фирор кардан, гурехтан!

пешина
аз 341
навбатӣ