Сояҳои шикаста

Ин орзу ин умед ва ин хостан ҳам аз ормони як инсони нотавон беш нест. Фақт инсонҳои нотавон орзу мекунанд, умед ба дигарон мебанданд.
Онҳо ҳатто дар хостҳои хеш озод нестанд. Пас орзу кардану умед бастан мароми зиндагии ишон аст.
Алҳол муйсафед таҳорат кардану намозгузоштанро ҳам аз ёд бурда буд. Ҳайрон дар миёни ҳавлӣ меистад, гўё дар ҷояш мехкўб шуда буд. Чикор карданашро намедонист. Даруни сараш фақат сурфаи аҳли хонаводааш садо медод. Ҳайрону карахт буд. Ва якбора, гўё чизе ё коре ба ёдаш зада бошад, такон хўрд ва шитобзада ба сўйи кўча давид. Балки ончунон бо суръат қадам бардошт, ки пиндоштӣ медавад. Вале кўча холӣ буд. Аз канораҳои деҳ садои шевани занона ба гўш мерасид. Мўйсафед гўё тавони рафтани дар пойҳояш намонда бошад, беҳолона худро ба зери сафедори пиру хушкида кашид. Зоғҳо ба шохсори хушкида қар-қар мекарданд. Муйсафед такя ба тани сафедор намуд. Акнун баръало садои кирмҳои танаи фартуту хушкидаи сафедорро мешунид. Нотавонӣ ҳам кирме буд андар тани фартути ў.
Дере нагузашт гурўҳе аз мардум тобути гаронеро шитобзада аз наздаш гузаронданд ва сўи гўристон бурданд. Фазойи кўчаро бўй гарди наъш пур кард.
Муйсафед сарашро андар гиребонаш фурў бурд. Аз вуҷуди худаш ҳам бўйи ганд меомад. Ў ба ҳарос аз ҷояш бархост ва дав-давон вориди хона шуд. Он ҷо ҳам бўйи ганди гуши мекард. Набераашро, ки писарчаи чаҳор панҷсолае беш набуд, бағал гирифт, шамид. Вай ҳам бўйи ганд мекард. Тифли гаҳвораро бўй кашид, бўйи ганди наъши алахсида ба димоғаш зад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё