Сояҳои шикаста

Бо ҳар бори сурфидан гўиё лахти ҷигараш бар даҳон меомад. Чӣ талх буд. Кӣ гуфт, ки хуни инсон ширин аст? Фақат зиндагӣ ширин аст. Он ҳам аз назари як инсони ғофилу нохудогоҳ. Он ҳам аз назари як инсони худхоҳу ғофил. Оҳ, ҳар чӣ дар назари оқил талх омад, барои ғофилон ширин шуд. Он ки талх мемазад, мегурезад ва он ки ширин мегазад, таъқиб мекунад.
Он шўрандагони ғаму шодӣ, он гурезандаву таъқибкунандагон ба тарафи ў, яъне ба суйи масҷиди сўхтаву валангори деҳ меомаданд. Мўйсафед базўр аз ҷояш хеста, ба сутуни ҳавозаи ангур такя зад, гўё худро барои як набарди муҳиме омада мекард. Ў бояд он бечораро аз ин таъқибгарони ҳирсу оз ҳимоят намояд. Бояд... Вале натавонист. Онҳо аз наздаш гузаштанд. Касе аз онҳо ҳузури ўро ҳис накард.
Гўё ў набуд. Он заифи ваҳшатзада ҳам дар андешаи худ буду нисбат ба олам беэътино. Ў аз хонаи худо паноҳ меҷуст. Умедаш фақат ба хонаи худо буд. Аз худованди хеш амон мехост. Ў фаромўш карда буд, ки инҳо қавми Лутанду лутанд...
Дигар аз даруни масҷиди сўхта фақат садои хандаҳои шавҳатҷў бар меомад. Ва ба нохост аз ҷигари сўхта фарёд зад. Фарёдаш ба садои фарёди одамӣ монанд набуд. Гўё модашери захмие буд, ки фарёд мекашид. Ин фарёд гўё ба ў қуввати тозае дода буд, ки ба сўйи масҷид давид. Ва садои тиру ханда ўро дар даромадгоҳ бар ҷояш мехкўб намуд. Касе аз миёни онҳо бо истеҳзо гуфт:
– Ин пирсаги сахтҷон ҳанўз намурдааст.
– Ў нафас намекашад.
– Ўҳ пирсаге!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё