Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– На ў!
– Пас кӣ?
– Инаш!
– Чӣ дар ҳарос афтодаӣ? Намебинӣ, ки гўраш кофта шудааст. Гўё касе пешакӣ медониста бошад.
Ва ў болои тепаи хоки ҳанўз намнок баромад.
Мўйсафед ўро шинохт. Вай ҳамон касе буд, ки се рўз пеш бо як даста ваҳшӣ вориди деҳ шуда, қиёмат ба по карда буд. Ў буд, ки фармон дод, то мардумро пешандоз карда, ба масчид оварданд. Дар саҳни ҳавлии масҷид писарони аз даҳсола боло ва духтаронро ҷудо карда гуфта буд:
– Ин деҳ бар ҳукумати қонунӣ ёғӣ шудааст. Аслиҳаатонро ихтиёрӣ супоред ва онҳоеро, ки ба кўҳу пушта паноҳ бурда, бар зиёдди лашкари тавонои ҳукумати қонунӣ мубориза мебаранд, фаро хонда беяроқ гардонед. Он гоҳ аз гуноҳони шумо коста мешавад.
Ва мўйсафед пеш баромад, вале ўро маҷоли сухан кардан надод.
– Ман туро мешиносам, мўйсафед! Ҳама фитна аз туст. Бигў, писаронатро куҷо кардӣ? Мефаҳмам. Онҳоро гурезондӣ. Алҳол онҳо бар зидди мо меҷанганд.
Ва сарбозе аз пас бо қундоқи автомат ба пушти гарданаш зад. Мўйсафеди қариб навадсола пуру афтод. Ва сарбози дигар бар сару рўяш шоша кард.
Дигар сарбозон аз ин рафтори ҳамяроқашон ба ваҷд омада, механдиданд. Хандаи онҳо дар дили деҳи сукутзада ваҳшат меангехт.
Мўйсафед базўр аз ҷой бархест. Яктаҳаш гилолуд шуда буд. Ба чашми хунгирифтаи афсар нигоҳ карду гуфт:

пешина
аз 341
навбатӣ