Сояҳои шикаста

Ў метарсид, бо синчакории ба ў хос, ки вақтҳои охир онро касб карда буд, ба сурати поёнии албом нигарад. Ў худ боварӣ дошт, ки қудрати ду андўҳро дар дил бардоштан надорад.
Вале, чӣ илоҷ чун хаёл рафт, касро аз пасаш мебарад ва ба қаҳри он чи ки номатлуб аст ворид мекунад. Пеши назараш тифлии хандонрўву шўху зебояш ҷилва намуд. Ба гумонаш чунин расид, ки ўро бар болои дасташ гирифта, бозӣ медоронад ва вай бошад ба ў табассуми хастбахш тўҳфа мекунад. Ў механдиду Яздонпараст тоза ҷон меёфт. Не, ў дигар намехоҳад, ки ўро ба хаёл орад ва пеши назараш зинда кунад. Не, дигар ҳеҷ гоҳ ўро наметавонад ёфт, кошкӣ...
Ашк беихтиёр гирди чашмони пурожангаш ҳалқа зада, боз тарҳа гашту начакид.
Тирамоҳ буд. Дарахтон рўи заминро рангрезӣ мекарданд. Ў аз ҳаррўза дида хаставу ранҷуршуда аз коргоҳи хеш баргашт. Ўро тез хоб даррабуд. Хоб медид.
Дар миёни боғи зебову дарахтзор сайр менамуд.
Замину замон гулпўш, ҳаво накҳатбор. Ў ба миёни боғ омад ва чашмонаш ба гўшае афтод, ки манзараи ниҳоят дилрабо дошт. Себаргаҳо руста ва дар миёни онҳо лолаи сап-сафед рўида, гумон мерафт, ки онро устоди чирадасте аз санги мармари сафед бо санъати ниҳоят зебо ва хурдакорона офарида бошад. Ў ба сўи гул хам шуд, гул торафт дурахшонтар мешуд ва ўро ба як қарор нагузошта, безобитааш мекард, то ин ки онро канд. Дар ҳамин маврид хоҳари аз ҳама калонаш пеши ў пайдо гашт ва ин лолаи мармаринро ба ў ҳадя намуда гуфт: «Хоҳар, бин, чӣ хел лолаи зебо, худе, ки аз мармар сохта бошанд, ҳамту нест магар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё