Сояҳои шикаста

Ма, аз ин тўҳфаи хубтаре бароят ёфта наметавонам». Ў ҳарфе назада, лоларо аз дасти Яздонпараст гирифт. Ў аз ин бахшиши худ дилтанг гардид, вале илоҷи онро баргашта гирифтан надошт. Дилаш ғамнок шуд, хандаву фараҳ аз чеҳрааш гурехт.
Аз кандани лолаи мармарин пушаймон гашт...
Эй кошкӣ аз ин хоб дигар бедор намешуд. Ў ягона ёдгории Бахтофарини азизаш буд.
Биступанҷ сол гузашт, вале ҳеҷ набуд, ки ин занги рўзгори сипарӣ аз дилаш зудуда шавад, баръакс меафзуду болои ҳам зам мегардид ва тамоми бақияи умрашро дар ин хаёлу андеша, дар ин дарди бедаво – танҳоӣ сарф мекунад. Ў доим дуои бади худро мехонд ва гаштаву баргашта такрор мекард, ки «Эй кошкӣ дигар аз хоб бедор намешудам». Тифлҳо ўро тарк карданд, як умр ўро тарк карданд. Афсўс, ки ў мехост дар тифлаш тифлияшро зинда кунад.
Дар дилаш доим як хоҳиши тифлии худро дидан туғён мезад ва ўро ҳеҷ ба ҳолаш намегузошт. Оҳ, ў чи орзуҳо, чи хаёлҳо намекард, то даме худро дар кўдакияш ёбад. Охир, мардум боварӣ доштанд, ки ў бо ин ақлу заковат ва бедордилӣ як шахси бузург мешавад ва падару модараш фахр мекарданду меболиданд, ки аз онҳо чунин як фарзанди солеҳ ба воя мерасад ва боиси обрўи онҳо мегардад.
Чи хуш аст, ки мардум ба қудрат ва ояндаи дурахшони ту бовар кунанду ту бошӣ онро дарк накунӣ, нафаҳмиву эҳсос накунӣ. Ў худро маҳз ба ҳамин фикр тасалло медод ва аз тасарруфи хаёлҳои дилгиру ғамангез ба ҷаҳони равшани хушбахтиҳо роҳнамун мешуд. Ў кӣ будани худро дар ин мавридҳо намедонист, худро гум мекард ва дар туғёни орзуҳои ширин ғарқ мегашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё