Сояҳои шикаста

Ба симои тифлии худ ҳар рўз беш аз пеш ошиқтар мешуд. Чу тифли хаёл меболиду мерақсид, дилаш лабрези фараҳ мегашт ва аз нишоту шодӣ даме оламро фаромўш мекард.
Гоҳи бахудоӣ дилаш сиёҳ мешуд ва пардаҳои тираи абри андўҳ дилашро мефишурд. Боз аз ин моҷаро мегурехт ва дар олами орзуҳои бодшуда, дар шафақи табассуми ҳалиму бекина, нигоҳҳои пурмеҳру хурсандибахши тифлӣ паноҳ меҷуст. Дигар чӣ кор ҳам мекард? Магар дигар дилбастагие ўро ба олам мепайваст?
Ў дар тасарруфи хаёлоти бачагӣ медавиду меҷаҳид, худро ба обу лой мезад, механдиду мегирист ва дар домани пурмеҳри модар даме ором мегирифт. Аз хурдтарин коҳиш меранҷид ва аз камтарин навозиш меболид.
Овози ғафси қоҳ-қоҳ ва гиряҳои пурдардаш баланд мешуд. Ў дар ин дамҳо гумон намекард, ки ин тифл ўро кайҳо тарк кардаасту ў дар тасарруфи тифлист, шодӣ мекард ва даме ки ба худ меомад, малулу ғамгин мегашт. Ва ба худ меандешид: «Чаро тифлӣ моро зуд тарк мекунад? Даме намегозарад, ки аз он нашъа барем, кайф кунему масти бедардӣ шавем, моро зуд хаставу дардманд мекунад. Ё ин ки мо барои бо хотираҳо зиндагӣ кардану азоб кашидан, шодӣ кардану нашъаи онро начашидан зода мешавем...»
Ў ҳеҷ ҷавоби муносиб ёфта натавониста, маҷбуран бо андешаи худ розӣ мешуд ва онро тасдиқ мекард: «Оре, мо танҳо барои ҳамин зода мешавем».
Саҳрои беохир, тамоман гулпўш, гўё табиати нафисакор тамоми санъати худро дар ороиши ин водӣ сарф карда бошад, беҳамто буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё