Робиъаи Балхӣ

Сипери тунд бо чандин ситора,
Шуда аз шохи румҳаш пора–пора.
Чу теғе бар сар омад аз каромат,
Фурӯ шуд фитнаро сар то қиёмат.
Чу теғаш чун хасмро чун гил ба хун шуст,
Гули нусрат зи теғи ӯ бурун руст.
Чу тираш сӯйи чархи нилгун шуд,
Зи чашми сӯзани Исо бурун шуд.
В-аз он сӯйи дигар Бектоши маҳрӯй,
Дудаста теғ мезад аз ҳама сӯй.
Ба охир чашмзахме коргар гашт,
Сараш аз захми теғе сахт даргашт.
Ҳаме наздик шуд, к-он хубрафтор,
Ба дасти душманон гардад гирифтор.
Дар он саф буд духтар рӯй баста,
Силоҳе дошт, аспе барнишаста.
Ба пеши саф даромад ҳамчу кӯҳе,
В-аз ӯ афтод дар ҳар дил шукӯҳе.
Намедонист кас, к-он симбар кист,
Забон бикшоду гуфт: - Ин коҳилӣ чист?
Ман он шоҳам, ки фарзинам сипеҳр аст,
Пиёда дар рикобам моҳу меҳр аст!
Агар асп афканам бар наъти гардон,
Ду рух тарҳаш диҳам чун шермардон.
Саре, к-ӯ сар кашад аз ҳукми ин зот,
Ба пойи пилаш андозам ба шаҳмот.
Агар шамшер бар он баркашам ман,
Ҷигар аз шерри ғуррон баркашам ман.
Чу теғи оташафшонам диҳад тоб,
Зи бимаш заҳраи оташ шавад об.
Чу мори румҳро дар каф бипечам,
Наояд ҳеҷ кас дар саф ба ҳеҷам.
Агар сандонам ояд пеши найза,
Шавад аз захми захмам реза-реза.
Зи захмам рӯз сандоне намонад,
Зи сандоне сипандоне намонад.
Чу мурғи тири ман аз зеҳ барояд,
Зи ҳалқи мурғи гардун зеҳ барояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё