Зеҳн
Робиъаи Балхӣ

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 28 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чу бикшоям каманд аз рӯйи фитрок,
Чу бод орам адӯро рӯй дар хок.

Битозам Рахшу бикшоям дари ҷанг,
Ки ман дар разм Рустам, Рустами нанг.

Бигуфт ину чу мардони дурушт ӯ,
Аз он мардон танеро даҳ бикушт ӯ.

Бари Бектош омад теғ бар каф,
Аз он ҷо баргирифташ бурд дар саф.

Ниҳодаш, пас ниҳон шуд дар миёна,
Касаш нашнохт аз халқи замона.

Чу он бутрӯй дар кунҷе ниҳон шуд,
Сипоҳи хаста чун дарё равон шуд.

Ҳаме наздик омад то ба як бор,
Намонад шаҳру андар шаҳр дайёр.

Чу Ҳорисро мадад гашт ошкоро,
Басе халқ аз бари шоҳи Бухоро.

Даромад лашкаре аз кӯҳ в-аз дашт,
К-аз он касрат сари афлок даргашт.
Чу Ҳорисро мадад дарҳол дарёфт.
Сипоҳи Ҳорису Ҳорис зафар ёфт.
Ҳазимат шуд сипоҳи душмани шоҳ.
Дигар кушта фитода хор дар роҳ,
Чу шоҳ бо шаҳр омад шоду пирӯз,
Талаб кард он савори чуст он рӯз.
Надод аз вай нишоне ҳеҷ мардум,
Ҳама гуфтанд: - Шуд ҳамчун парӣ гум!
Алалҷумла чу омад зангии шаб,
Ниҳода нисфае аз моҳ бар лаб.
Ҳама шаб қурси маҳ чун қурси собун,
Ҳамеафканд кафк аз нур берун.
Бад-он собун ба хуни дида то рӯз,
Зи ҷон мешуст даст он оламафрӯз.
Чу зоғи шаб даромад он дилором,
Дили духтар чу мурғе буд дар дом.
Дил аз захми ғуломаш ончунон сӯхт,
Ки дар як чашмзахмаш низ ҷон сӯхт.
Набудаш чашмзахме хобу ором,

пешина
аз 28
навбатӣ