Робиъаи Балхӣ

Сари Бектош бо чандин ҷароҳат,
Зи нома марҳами дил диду роҳат.
Зи чашмаш гашт сели хун равона,
Басе пайғом додаш ошиқона.
Ки ҷонам то каям танҳо гузорӣ,
Сари бемор пурсидан надорӣ?!
Биё, эй нозанин, ҳамчу ҳабибон,
Даме биншин ба болини ғарибон.
Агар як захм дорам бар сар имрӯз,
Ҳазорам ҳаст бар ҷон, эй дилафрӯз!
Зи шафқат пираҳан бар ман кафан шуд,
Бигуфт ину зи худ бехештан шуд.
Чу рӯзе чандро Бектоши дамсоз,
Зи маҷрӯҳӣ ба ҳоли хеш шуд боз.
Ба роҳе Рӯдакӣ мерафт як рӯз,
Нишаста буд он духтар дилафрӯз.
Агар байте чу оби зар бигуфтӣ,
Басе беҳтар аз он духтар нагуфтӣ.
Басе ашъор гуфт он рӯз устод,
Ки он духтар муҷоботаш фиристод.
Зи лутфи табъи он дилдода дамсоз,
Таъаҷҷуб монд он ҷо Рӯдакӣ боз.
Зи ишқи он саман баргашт огоҳ,
Ниҳод он гоҳ аз он ҷо пой дар роҳ.
Чу шуд бар Рӯдакӣ роз ошкоро,
Аз он ҷо рафт то шаҳри Бухоро.
Ба хидмат шуд давон то пеши он шоҳ,
Ки Ҳорисро мадад кард он шоҳ.
Расида буд пеши шоҳи олӣ,
Барои узр Ҳорис низ ҳолӣ.
Магар шоҳона базме буд он рӯз,
Чӣ мегӯям, биҳиште буд дилафрӯз.
Магар аз Рӯдакӣ шаҳ шеър дархост,
Забон бикшод он устоду бархост.
Чу будаш ёд шеъри духтари Каъб,
Ҳама бархонду маҷлис гарм шуд саъб.
Шаҳаш гуфто: - Бигӯ, то ин кӣ гуфтаст,
Ки марворидро монад, ки суфтаст?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё