Робиъаи Балхӣ

Ки бар сар дошт захми он дилором.
Куҷо мешуд дили он орамида,
Яке нома навишт аз хуни дида.
Чунин овард дар назм он суманбӯй,
Ту бишнав қиссаи гунги сухангӯй.
Саре к-аз сарварӣ тоҷи кибор аст,
Сари пайкон дар он сар бар чӣ кор аст?!
Сари хасмат, ки бодо бе сару кор,
Мабодо сар кашад ҷуз бар сари дор.
Сареро, к-аз вуҷудат сарварӣ нест,
Нагунсории он сар сарсарӣ нест...
Аз ин оташ, ки дар ҷонам расидаст,
Басе борон ба мижгонам расидаст.
Аз он оташ, ки чандин тоб хезад,
Аҷаб бошад, ки чандин об резад.
Чӣ мехоҳӣ зи ман бо ин ҳама сӯз?
Ки на шаб будаам бе сӯз, на рӯз.
Миёни хок дар хунам магардон,
Саросема чу гардунам магардон.
Чу саргардониям медонӣ охир,
Ба поям дар чӣ мегардонӣ охир!
Ту медонӣ, ки сармасти туам ман,
Зи пой афтода аз дасти туам ман…
Ба зорӣ банд – бандам чанд сӯзӣ,
Бар оташ чун сипандам чанд сӯзӣ.
Агар уммеди васли ту набудӣ,
На гард мондиву аз ман, на дуде.
Маро тардоманӣ омад ба ҷон зист,
Ки бар бӯйи висоли ту тавон зист.
Дили ман номи ҳиҷрон барнатобад,
Ки дил худ васли ҷонон барнатобад.
Зи дарди хеш ҳамчун беқаророн,
Яке бо ту бигуфтам аз ҳазорон.
Дигар гӯям, агар ёбам раҳе боз,
В-агарна мекашам дар ҷонам он роз!
Равон шуд дояву ин нома ҳам бурд,
В-азон пайғом на бешу на кам бурд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё