Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Қиммат будагист?!
– Ҳа, хело!
– Ягон ҳазор сўм меистад?
– Ҳазор сўм? Шўхӣ мекунӣ? – Сорокин хандид.
– Набошад чанд пул?
– Хеле бисёр!
– Чӣ қадар: панҷ, даҳ, понздаҳ ҳазор? – ба такрор пурсид Наташа.
– Аз он ҳам қимматтар – ҷавоб дод Сорокин.
Наташа ороишро беозор, ба даруни қуттича гузошт.
– Ин хел бошад, шумо хело бой будаед, – гуфта монд.
Сорокин ўро ба чойнўшӣ таклиф кард. Наташа, «ташаккур, ман монда шудаам, каме дам гирам», – гўён таклифи ўро рад карда, баромада рафт.
Аз ҳамон рўз сар карда Наташа қариб ҳар рўз ба хонаи Сорокин меомад. Ҷои исти «қунғузак»-ро дида буд. Сорокин ҳам он чизро аз ў пинҳон намедошт, чунки ба Наташа дилбастагӣ дошт.
Наташа бошад, инро ҳис мекард.
Наташа ба Саид ҳам шиносоӣ дошт. Шабе, ки Сорокин кушта шуд, рўзона дар вақти аз кор баргаштан ба Саид вохўрд. Саид бошад, аз ин вохўрӣ хурсанд шуда, ўро ба ошхона таклиф кард.
Наташа таклифи Саидро рад накард. Онҳо ҳамроҳи марди баландқомати чорпаҳлўе, ки дар зерманаҳаш паи захм дошт, ба ошхона даромаданд. Дар ошхона Наташа каме май нўшида, сархуш шуд ва дар омади гап он чӣ, ки дар хонаи Сорокин дида буд, ба онҳо нақл кард.
Баъди аз ошхона баромадан Наташа ба хонаи дугонааш Башорат рафта, шаб назди ў монд. Пагоҳӣ аз ҳамон ҷо ба кор рафт.
Бегоҳӣ аз кор баргашта шунид, ки шабона Сорокинро куштаанд.
Ҳуш аз сараш париид.
Ба хонааш даромада фикр мекард, ин корро кӣ карда бошад?
Ба куҷо рафтан ва чӣ кор карданашро намедонист. Болои кат дароз кашида фикр мекард. Ўро ваҳму тарс зер карда буд. Шаб аз нисф гузашта бошад ҳам, хобаш намебурд. Ҳамин вақт ба назараш чунин намуд, ки касе ба хонаи Сорокин даромад. Аз ҷо ҷаста бархост ва оҳиста аз дар баромад, ба дари Сорокин наздик шуд.
Дар ҳақиқатан ҳам кушода буд. Аввал ба даромадан ҷуръат накарда, баъд ҳарчӣ бодо-бод нўг-нўги по оҳиста-оҳиста ба дарун даромад.

пешина
аз 315
навбатӣ