ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Хонаро касе кофтуков мекард. Ў одами дар хона бударо шинохт. Саид буд вай.
Саид ҳам ўро дид. Дигар пас гашта наметавонист. Як чанд лаҳза онҳо ба чашми якдигар нигаристанд. Хомўширо Наташа вайрон кард:
– Маълум мешавад, ки кушандаи Сорокин ту ҳастӣ? – пурсид бо ғазаб.
Саид аввал каме саросема шуда, баъд худашро ба даст гирифт:
– Не, Наташаҷон! Кушанда ман нестам, кушанда «Медвед!» – гуфт.
– «Медведаш» – кӣ?
– Ҳамоне, ки ҳамроҳамон дар ошхона буд – ҷавоб дод Саид.
– Ў барои чӣ ин корро кард?
– Барои чӣ мешуд? Барои гапи ту-дия.
Наташа чӣ гуфтанашро кайҳо фаромўш карда буд, барои ҳамин ҳам пурсид:
– Барои кадом нақл?
– Барои ҳамон «қунғузаки» сабилмонда!
Наташа ин гапро шунида, тез ба назди батарея таги тирезаи хонаи хоби Сорокин рафта, аз пушти он қуттичаро берун оварда дид, ки «қунғузак» дар ҷояш:
– Барои ҳамин?! – гуфта қуттичаро ба пеш пои Саид партофт.
– Боз барои чӣ мешуд? Барои ҳамин-дя! – гуфт Саид.
Наташа аз чашмонаш оташ борида:
– Барои як санги намешудагӣ одамро куштед, қотилон! – гуфта аз хонаи Сорокин баромаданӣ буд, ки Саид аз банди дасташ маҳкам дошт.
– Гўш кун, духтарак! Дод назан. Фаромўш накун, ки дар ин ҷиноят ту ҳам шарик ҳастӣ. Агар дар ягон ҷо лаққида монӣ, аз худат гила кун. Фаҳмо?! Каллаатро дониста кор фармо!
– Ин таҳдид?!
– Бале, ҳам таҳдид, ҳам таъкид! Ба ҷони ҷавонат ҷабр накун!
Акнун рав!
Наташа дигар чизе нагуфта, тозон баромада рафт.
Саид пас аз рафтани Наташа қуттичаро ба ҷайбаш андохта, дари хонаро баста баромада рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё