ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
«Медвед» як банд калидро аз ҷайб бароварда тахминӣ яктаашро ба қулф рост кард. Калид рост наомад, калиди дуюмашро санҷид, қулфи дар кушода шуд.
Ў ба Саид ишора кард, ки дарояд.
– Мумкин вай ҳоло хоб набошад, – гуфт Саид.
– Шарт не. Даромадан гир, – ўро шерак кард «Медвед».
Саид ба дарун пой монд. «Медвед» аз қафояш.
Сорокин муаллимӣ мекард. Дар ин дақиқаҳо вай барои машғулияти рўзи оянда тайёрӣ медид. Шарфаи поро шунида бехавотир пурсид:
– Наташа, ин ту-мӣ?
«Медвед» оромона:
– Одамони худӣ, – гўён ҷавоб дод.
Сорокин сарашро аз болои кор набардошта пурсид:
– Кадом одамони худи?
Дар ҳамин вақт «Медвед» ва Саид ба назди ў омаданд. Сорокин болои сараш ду каси ношиносро дида, аз тарс шах шуда монд. «Медвед», ўро ором карданӣ шуда гуфт:
– Гуфтам-ку! Одамони худӣ! Шумо барои чӣ метарсед?
Сорокин каме ба худ омад.
– О, чӣ хел «одамони худӣ», ки ман шуморо бори аввал мебинам. Дар ин бевақтии шаб ба ман чӣ кор доред?
– Кайҳо мехостем, ба дидори шумо мушарраф шавем. Инак, дида ба дидор расид. Ассалому алейкум! – «Медвед» дасташро дароз кард. Сорокин ба ў даст дод.
– Ба дидорбинӣ омада бошед, хуш омадед. Ман чой монам, – Сорокин тарафи ошхона равона шуд.
– Ҳеҷ чиз лозим не! – гуфта «Медвед» ўро аз роҳ боздошт ва ба Саид ишора кард, ки маънои амал карданро дошт.
Саид ба тезӣ ба гиребони Сорокин чанг андохта пештари худ кашид. Мушти дигарашро қумғон карда «Ҷим. Даматро набарор»
гуфта таҳдид кард. «Медвед» ба кофтукови хона сар кард. Сорокин бо тамоми кувваташ ҳаракат мекард, ки худро халос кунад.
Лекин дастони Саид ўро сахттар буғӣ мекарданд.
«Медвед» хама ҷоро чапаву роста карда чизи даркориро наёфт, баъд ба назди Сорокин омада, кордро аз ҷайбаш кашида, ба биқинаш наздик овард.
– Агар «винг» гўй, баробари вай ҷонат ҳам мебарояд, – гуфта ба Саид ишора кард, ки ўро раҳо кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё