ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Сорокин аз дасти Саид раҳо ёфта, ҷуқур-ҷуқур нафас мегирифт.
– Канӣ, гў! Санги қимматбаҳоят дар куҷо?! – таҳдид кард «Медвед».
Сорокин аз тарс чӣ гуфтанашро намедонист, забонаш намегашт.
– Ой, аблаҳ! Ҷонат азиз бошад, ҷои сангро нишон деҳ! – «Медвед» бо корд биқини Сорокинро хала кард.
Сорокин аз тарс гап зада наметавонист. Фақат «А-а!» – мегуфту халос.
Ин рафтори ў ғазаби «Медвед»-ро овард.
– Ба ту мегўям! Санги қимматбаҳоят канӣ? – гуфта кордро ба таги гулўяш бурд.
Сорокин мисли пештара: «А-а!» мегуфту халос.
«Медвед» гумон кард, ки Сорокин худро барқасд гунг сохта ўро масхара мекунад. Вай даҳони ўро пўшида ба шаст кордро ба сари синааш зер кард:
– Ҷазои ту аблаҳ ҳамин! – гуфту кордро кашида гирифт. Аз рўи синаи Сорокин хуни гарм фавворазанон берун шуд.
Ў ҳатто овоз набароварда, дар ҷояш афтид. Нур аз чашмонаш оҳиста-оҳиста мепарид. Ба назар чунин менамуд, ки бо охирин нигоҳи чашмонаш аз қотилонаш мепурсид: «Барои кадом гуноҳам ба ман чунин ҷазоро раво дидед?»
Ў дигар намеҷунбид. «Медвед» ва Саид ҷасадро бардошта ба болои кат гузоштанд.
Баъд хонаро тамоман тагурў кардаанд. Ҳайҳот! Чизе пайдо нашуд.
– Наташа дурўғ гуфта будааст. Вай моро аҳмақ кард. Ин худозада санги қимматбаҳоро аз куҷо меёбад, буду шуди чизҳояш ҳамин се либос, соат, дигар чиз надорад. Гитараро ҳам мегирем, – гуфт «Медвед».
«Медвед» дастпўшаки дасти росташро бароварда, болои миз гузошт. Корашонро тамом карда, баромада рафтанӣ шуданд.
«Медвед» бозгашта дастпўшакашро аз болои миз гирифт ва коғази таги он бударо ғиҷим карда ба як гўша партофт. Ҳини баромадан Саид чашми «Медвед»-ро хато карда калиди хонаро ба киса андохт. Вақте ки аз хона баромаданд, «Медвед» боз дари Сорокинро қулф кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё