ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
«Хайрият» – оҳи сабук кашид вай. Даракаша ёфтам. Акнун аз даст додан лозим не. Шикам сер карда боз ба ҳамин ҷо меоям. То соати ду ҳоло вақт бисёр»...
Соат аз ду гузашта бошад ҳам, лекин аз Наташа дараке набуд.
«Медвед» «наход, роҳи дигар бошад-а?! Ҳама ҷоро дидам, дигар роҳ набуд. Ў бояд аз ҳамин роҳ мебаромад. Аз ҷамъомад хабар дошта бошад? Ё Саид ба ў ягон гап гуфта бошад?» – гўён бетоқатона роҳпоӣ мекард ва дидбониро давом медод.
Соат панҷ дақиқа кам шаш шуда буд, ки Наташа боз ҳамроҳи Светлана аз беморхона баромаданд. Наташа ба Светлана «То пагоҳ» – гуфта қад-қади роҳ ба тарафи посёлка равона шуд. Ў хеле роҳ рафт. «Медвед» аз қафои вай пушт-пушти дарахтон роҳ мепаймуд.
Дар роҳ касе рафту омад намекард. Ў аз Наташа хеле пеш рафта, як ҷои хилватро интихоб карда, мунтазир шуд. Наташа ба он ҷо наздик шуда буд, ки:
– Ҳа, Наташа! Салом! Аз куҷо пурсем?! – гуфта овоз баровард.
Наташа ба ин ва он тараф назар карда, касеро надид.
«Медвед»: – Ман дар ин ҷо, – гуфта сари роҳ баромад.
Наташа ба тарафи вай нигоҳ кардаю шинохта худро ба ақиб кашид.
Вале дур рафта натавонист. «Медвед» мисли даррандае, ки сайди ба пои худаш ба дом афтидаро раҳо карданӣ нест, зуд ба гулўи Наташа ҷанг зад. Ҳатто фурсати дод задан наёфт. «Медвед»
ўро дарунтари дарахтон бурда бе ягон сухан аввал ба биқини чап, баъд ба рўи сина ва гулўи ў чандто корд зад. Аз тамоми аъзои бадани Наташа хун ҷорӣ мешуд.
Ҳамин вақт ба гўши «Медвед» овози наздик омадани мошин расида, гўшворҳои баргакмонанди тиллоӣ ва соати дасти Наташаро кушода гирифт. Сумкачаи дар пеши пояш афтодаро бардошта пулҳои дар он бударо ҳам гирифт. Ғурриши мотор хеле наздик шуда буд. Вай саросема кордро ба тарафи ноаён ҳаво дода дар як он дарунтари ҷангал ғайб зад.
Наташаи сахт маҷрўҳшуда баъди чанде ба ҳуш омада тамоми қувваташро ҷамъ карда, ба сари роҳ баромаду боз аз ҳуш рафт.
Дар ҳамин вақт мошини «ёрии таъҷилӣ» ба тарафи посёлка мерафт, Наташаи ба хун оғуштаро дар қади роҳ дида мошин бозистод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё