ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Вақти таъхир набуд. «Бонги хатар!» ба атроф паҳн шуд. Дере нагузашта мошин ҷасади нимҷони Наташаро ба беморхона овард. Аз он ҷо ба милитсия дар бораи ҳодиса хабар дода шуд.
Воқеаҳои рўзҳои охир ҳамаро ба ташвиш овард. Барои кофтуков се гурўҳ ташкил шуд. Раҷаб Нуров ба гурўҳҳо сардорӣ мекард. Вай супориши хаттӣ дода, хоҳиш намуд, ки аз иҷрои он дар вақти муайянкарда ахборот диҳанд.
Раҷаб баъди муайян кардани вазифаи гурўҳҳо барои такроран дида баромадан ба хонаи Саид омад. Вай хонаро муфассал аз назар гузаронида, ғайр аз калиди дари даромади Сорокин дигар чизеро наёфта, ба прокуратура баргашт.
Акнун дари кабинеташро кушода буд, ки занги телефон баланд шуд.
– Нуров гўш мекунад!
– Саттор гап мезанад. Зани кордхўрда Наташа Сергеева будааст. Ҳолаташ вазнин, лекин аз рўи хулосаи табибон захмҳояш он қадар хавфнок нест, фақат хунаш бисёр рафтааст. Бояд зинда монад. Ба ман боз чӣ супориш мешавад?
– Ба ҷои кори ў рафта ҳамкоронашро аз рўи воқеа пурсуҷў кун, хулосаашро соати панҷ ба ман хабар медиҳӣ.
Раҷаб гўшаки телефонро монд. Ин дам Салим даромад.
– Канӣ, гап зан, ягон навигарӣ ҳаст? – ба ў муроҷиат кард Раҷаб.
– Ҳа, ҳаст! Саид ба ҳуш омадааст, лекин гап зада наметавонад. Аҷибаш он, ки аз воқеаи Саидро бо оби ҷўш сўзондан кадоме ба беморхона занг зада будааст! Ин пагоҳӣ боз кадоме занг зада саломатии ўро пурсидааст! Ба назарам кори ҳамон «Медвед»
бошад даркор! – гуфт Салим.
– Чӣ чораҷўӣ кардӣ? – пурсид Раҷаб Нуров.
– Хоҳиш кардам, ки беморхонаро зери назорат гиранд.
– Бисёр нағз!..
Онҳо ба берун баромаданд. Назди идора мошини сабукраве меистод. Аз ронанда хоҳиш карданд, ки онҳоро фавран ба кўчаи Беҳзод барад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё