ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Корро чунин ташкил кардан даркор, ки на дар беморхона, на берун аз он касе чизе пай набарад. Ман ин ҷо мунтазир мешавам. Ҳамин ки ягон гап шуд, ҳатман занг занед, супориш фаҳмо?
– Фаҳмо! – ҷавоб доданд Салиму Саттор баробар
– Амал кунед! – хитоб кард ў.
Саттор ва Салим баромада рафтанд. Раҷаб ба назди прокурор Шароф Ҷўраев даромад, то аз нақшааш ўро огоҳ созад.
– Нақшаатон бад не, – гуфт вай баъди шунидани арзи Раҷаб.
– Ҳа, дарвоқеъ, аз экспертиза хабар доданд, ки дар коғазпора ва дастаи корд изи дастони як одам нақш бастааст, вале он изи дастони Саид нест. Ба фикрам, изи панҷаҳои «Медвед» бошад.
Ин тарафашро тадқиқ мекунем.
Раҷаб ба кабинеташ даромада боз як бори дигар дар болои нақшаҳои кашидааш андеша кард. Гўё ҳамааш ҷо ба ҷо. «Агар бачаҳо аз рўи ҳамин нақшаҳо амал кунанд, ҷинояткор дигар ҷои гурез намеёбад», аз дил гузаронд вай. Аз чӣ бошад, бовари дошт, к «Медвед» ба беморхона хоҳад омад.
«Медвед» ба зинда мондании Саид бовар надошт. Вале, вақте шунид, ки ў ба ҳуш омадааст, ҳоло хуб гап зада наметавонад, тамоман бетоқат шуд: «Агар ба гап дарояд, кор расво мешавад. Ба ин набояд роҳ дод» фикр мекард ў.
Вай аз ғурриши мошине, ки рў ба рў меомад, тарсида худро зуд паси дарахт гирифт ва то аз назар нопадид шудан ба мошин наззора кард.
Мошини сабукрави «Жигули» омада назди телефон-автомате, ки навакак ў аз он ҷо ба беморхона занг зада буд, қарор гирифт.
Аз мошин ду кас баромада, кўчаву-паскўчаро аз назар гузарониданд, боз баргашта ба мошин савор шуда, ба роҳи омад ақиб гаштанд.
«Медвед» аз паси дарахт баромад.
«Бало занад! Наход аз занг задани ман хабардор шуда бошанд? Ин тавр шуданаш мумкин не, охир ман аз телефон-автомат занг задам-ку. Инҳо шояд маро не, каси дигарро мекофта бошанд?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё