ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ба ҳар ҳол акнун ба беморхона занг задан хавфнок, кори Саидро ҳамин шаб тамом кардан лозим!» Вай бо ҳамин андешаҳои қатъӣ ба тарафи таҳхонаи бинои сеқабата, он ҷое, ки аксар вақт рўзона панаҳ мебурд, роҳ гирифт...
Шаб аз нисф гузашта буд. Чароғҳои беморхона хомўш шуданд.
– Ба фикрам айни вақташ! – гуфта «Медвед» охиста-оҳиста ба пушти бинои беморхона гузашт ва дар даромадгоҳе, ки пештар тайёр карда буд, ба ҳавлӣ даромад.
Дар ин лаҳзаҳо Салим бо ҳамроҳии капитан Лолаев палатаи Саид хоббударо дидбонӣ мекарданд. Саттор бошад, бо як нафар коркуни милитсия дар палатаи Наташа буданд.
«Медвед» ба ақиби бино гузашта, ба зинапояи оҳанин часпида охиста-оҳиста боло баромад. Ба воситаи дарича ба пешайвони бино даромад. Пойафзолашро бароварда ба даричае, ки ба қадди он зинапояи оҳанин овезон буд, ба поён фаромад ва ба ошёнаи сеюм гузашт. Дар ду тарафи роҳрав хоначаҳои бисёре ба чашм мерасиданд. Дар яке аз ҳамин хонача, паси миз духтараки хилъати сафедпўш пушт ба тарафи ў гардонда менишаст. Дар либосовезак чанд хилъати сафед ва хокистарӣ овезон будааст.
«Медвед» гурбавор оҳиста-оҳиста ба назди ҷевон омада, хилъати хокистариро гирифта ба китфаш партофт. Духтарак инро пай набурд. «Медвед» бо эҳтиёт пойафзолашро пўшида, аз назди ў гузашта рафт. Ҳамин дам чашми духтарак ба вай афтод. Гумон кард, ки ягон бемор аст, аҳамият надод. «Медвед» ба ошёнаи дуюм фаромад. Ў акнун дар хилъати беморӣ ба бемори ҳақиқӣ монанд буд. Дар миёнаҷои роҳрави ин ошёна низ духтаракон пушт ба ў, паси миз менишастанд.
Вай дари палатаи сеюмро кушод. Дар ду кат одам ҳасту дар сеюмаш не. Дарро пўшида ба назди хонае, ки дар пештоқи дараш «палатаи – 6» навишта шуда буд, омада истод. Ҳамшираи тиббӣ аз ҷояш намеҷунбид. Дари палатаро кушод, ба хона шўълаи чароғи электрикӣ даромад. Ў дид, ки Саид дар кати миёнаҷои хона мехобид, дар ду паҳлуяш ду марди дар китфашон хилъати сафед менишастанд. Яке аз онҳо Салим буд. Салим «бемор»-и ношиносро дида, тез аз ҷояш част:
– Ба ту кӣ даркор?! – гуфта пурсид.
– Мебахшед! Ман палатаи худамро фаромўш карда, ба ин ҷой даромадам, – гуфта «Медвед» зуд аз роҳаш баргашту рафта ба он палатае, ки як каташ холӣ буд, даромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё