ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Саид, ҷазои дуюмро дар колонияи режими сахт адо кардааст. Бори якум ҷазоро дар куҷо адо кардааст, номаълум, – гуфта ахборот дод.
– Ба маркази иттилооти Вазорат муроҷиат кардед?
– Не, рафиқ Нуров!
– Худи ҳозир ҳамин корро кунед! – амр дод, ў гўшакро ба ҷояш гузошта.
... Раҷаб Нуров дар тамоми давраи кораш ба ин хел вазъият дучор нашуда буд. Вай аз нобарории кор асабонӣ мешуд. Вазъи Салим ҳам аз вай беҳтар набуд. Боз занги телефон баланд шуд.
– Гўш мекунам, – ҷавоб дод Нуров.
– Аз беморхона гап мезанам. Наташа Сергеева ба ҳуш омад, гап мезанад. Ўро диданӣ бошед, марҳамат, биёед!
Чеҳраи Нуров кушода шуд.
– Ба шумо раҳмат, ҳозир меоем.
Салим ҳам оҳи сабук кашид.
Аҳволи Наташа дар ҳақиқат анча беҳтар шуда буд. Ў воқеаи шудагиро аз сар то охир нақл кард ва дар охир пурсид, ки: «Медвед»-у Саидро дастгир карданд, ё не?
Раҷаб Нуров ҳодисаи ба сари Саид омадаро нақл кард.
– «Медвед» ҳоло дастгир нашудааст, лекин дур намеравад.
Салим ба Раҷаб рўй овард:
– Ана, сабаби кушта шудани Сорокин ва таҳдиди куштани Саид дар чӣ будааст?! – гуфт.
– Сабаби кушта шудани Сорокин дар ҳақиқат маълум шуд, лекин сабаби таҳдиди куштани Саид ҳоло маълум нест. Ин он вақт маълум мешавад, ки агар Саид ба гап дарояд. Ба фикри ман «Медвед» набояд ўро барои ороиши қимматбаҳо кушад – гуфт Раҷаб Нуров.
– Ба тахмини ту ҳоло ин «қунғузак» дар дасти Саид бошад, ё «Медвед»? – пурсид Салим.
– Аз рўи ҳаракатҳои «Медвед» бояд «қунғузак» дар дасти Саид бошад, он тарафашро боз кӣ медонад? – ҷавоб дод ў. – Ин ҳоло муаммо. Вақташ ояд, гиреҳи онро ҳам мекушоем! – гуфт бо хушнудӣ Раҷаб Нуров.
... Аз байн чанд муддат гузашта бошад ҳам, «Медвед» аз худ дарак намедод. Рўзе телефонисткаи шўъбаи алоқаи район телеграммае дар даст ба назди сардори шўъба Маҳмуд Мирзоев даромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё