ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Телеграмма чунин мазмун дошт: «Стансияи Чу, РСС Қазоқистон. – «Менглиқул, бародарат дар парвоз. Мария гирья мекунад, Модаркалон», Мирзоев телеграммаро аз назар гузаронда китф барҳам кашид.
– Ҳеҷ чиз нафаҳмидам. Ин телеграмма ба мо тааллуқ надорад. Чаро ба ин ҷо овардед? – пурсид ў.
– Телеграмма ду рўз пеш аз узели алоқаи мо фиристода шудааст, – гуфт телефонистка, лекин ба муҳри болои телеграмма пахш карда ишора карда, илова намуд. – Гўё аз райони Октябр фиристода шуда бошад? Ин тавр шуданаш мумкин нест!
Мирзоев бори дигар ба муҳр назар афканд: ҳақикатан дар он мўҳри шўъбаи алоқаи райони Октябр пахш гардида буд.
– Телеграммаро монда равед, месанҷем.
Махмуд Мирзоев телеграммаро боз чанд бори дигар чапаву роста карда зери лаб такрор кард.
– Аҷиб, тамоман аҷиб! Дар ин ҷо бояд ягон сирри махфӣ бошад? Набошад чаро телеграммаро аз ин ҷо дода, аз райони Октябр фиристода шуд, гўён мўҳр зада шудааст?! Мазмунаш ҳам аҷоиб!
Салимро ба наздаш ҷеғ зада хоҳиш кард, ки ин масъаларо санҷида барояд...
Салим телеграммаро гирифта аз кабинет баромад.
Калимаҳои «Бародарат дар парвоз, Мария гиря мекунад»-ро чанд бор такрор кард. Аз куҷо фиристода шудани телеграмма не, бештар мазмунаш диққати ўро ба худ машғул медошт. Чунин тасаввур мекард, ки ин гапҳоро дар телеграмма нахонда, балки аз кадом кинофилми детективӣ тамошо карда бошад. Вай аз чӣ бошад, ки воқеаҳои дар гирду пеш мешудагиро ба кори «Медвед»
алоқаманд мепиндошт. Дар мазмуни ин телеграмма ҳам ба кори «Медвед» ким-чӣ хел алокамандиро медид.
Салим дари кабинетро баста ба кўча баромад. Мехост ба назди Раҷаб дарояд, вале аз раяш гашт. «Не, ҳоло телеграммаро насанҷида даромадан нағз нест. Аввал ба шўъбаи алоқа рафта баъзе чизҳоро муайян карда, сонӣ меоям,» – гўён ба тарафи шўъбаи алоқа равон шуд.
Дар он ҷо пеш аз он ки бо ягон кас вохўрад, хост тартиби қабули телеграммаҳоро санҷад. Аввал ба зали интизорӣ даромад.
Он ҷо ду кас паси миз нишаста бланкаи телеграмма пур мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё