ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
– хоҳиш кард ў.
– Хавотир нашавед! Албатта, иҷозат мегирем! Рафта омодаи сафар шавед, ман баъд аз ним соат шуморо меёбам! – гуфт Раҷаб Нуров.
Надежда Петровна баромада рафт. Пас аз ним соат онҳо ба роҳ баромаданд.
Онҳо дар райони Октябр қариб ҳама магазин ва ҷойҳои ҷамъиятиро давр зада, ба универмаги марказӣ наздик шуданд.
Дар назди универмаг одамони бисёре ҷамъ омада буданд, дар дохили он бошад, коркунони милитсия даву ғеҷ мекарданд. Раҷаб аз яке одамон:
– Дар ин ҷо чӣ воқеа рўй додааст? – гуфта пурсд.
– Имшаб шўъбаи ҷавоҳиротро ғорат карда як сандуқи оҳанини пур аз соатро дузидаанд!
Ин масъала диққати ўро ҷалб кард. Эҳсоси касбӣ тақозо мекард, ки оид ба воқеа ҳама чизро фаҳмад, аммо ўро дар ин ҷо касе намешиносад.
Диққати Надежда Петровнаро бошад, тамоман чизи дигар ба худ ҷалб карда буд. Ў чашмонашро аз духтараке, ки аз паси пештахта истода ба бардору мони ин ё он чиз машғул буд, намеканд.
Ў ба оинаи тиреза наздик омада. – Тамоман монанд, лекин мўйҳои оншабааш дигар буд, холи сиёҳаш ҳам нест» – мегуфт худ ба худ. Метарсид, ки чашмонаш хато карда, як каси бегуноҳро дар бало намонад.
Раҷаб кунҷковии Надежда Петровнаро дида, ба вай наздик шуд.
– Ягон монандӣ дорад? – пурсид ба ҳамон зан ишора карда.
– Монандӣ-ку дорад, лекин...
– Чӣ лекин?
– Ду чизаш намерасад!
– Яъне...
– Холи сиёҳ ва мўйҳои фатилааш! Ман дидагӣ духтар ҳамин ду чизро дошт!
– Бе ҳеҷ як мулоҳиза, мўйи сунъӣ буданаш мумкин, лекин холи сиёҳаш дар ҳақиқат нест!
– Барои ҳамин ҳам ман бо қатъият ин зан, ҳамон зан гуфта наметавонам!
– Аҷаб не, холаш ҳам сунъӣ буд? – пурсид Раҷаб аз Надежда Петровна.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё