Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Мумкин. Лекин ба фикрам холи зани ман дидагӣ сунъӣ набуд, боз кӣ медонад?
Раҷаб ҳамроҳи Надежда Петровна боз чанд дақиқа истода, ба зан назорат карданду баъд ба тарафи шўъбаи милитсия равон шуданд.
Дар шўъба Раҷаб бо навбатдор Карим Саидов вохўрда худашро ба ў шиносонд ва хоҳиш кард, ки дар хусуси дуздии шўъбаи ҷавоҳироти универмаг ва мудиру фурўшандаҳои вай нақл кунад.
Карим масъалаи дуздиро муфассал нақл карда, дар хусуси мудир ва фурўшандаи шўъбаи ҷавоҳирот фақат ҳаминро гуфт, ки мудири шўъба Зайнура Табарова мебошад. Вай бо сабаби беморӣ ду ҳафта боз ба кор набаромадааст. Фурўшандаи шўъба Мариона Александровна Петренко мебошад, ки як моҳ пеш аз ин воқеа ба кор қабул шудааст. Аслан ў аз ким-кадом шаҳри Қазоқистон ба ин ҷо омадааст. Вай дар куҷо ва ҳамроҳи кӣ истиқомат мекунад, ҳоло намедонад. Агар лозим бошад, аз бюрои ахборот фаҳмидан мумкин.
– Агар мушкил набошад, занг зада муайян мекардед, – хоҳиш кард Раҷаб Нуров.
Карим Саидов «ҳозир» – гўён гўшаки телефонро бардошт:
– Бюрои информационӣ? Хоҳишмандам, ҷои истиқомати Мариона Александровна Петренкоро муайян карда, ба навбатдори милитсия хабар диҳед! – гуфт.
Интизорӣ тўл накашид. Пас аз панҷ дақиқа, аз бюро хабар доданд, ки: – Мариона Александровна Петренко дар кўчаи ба номи Зайнаббибӣ, хона №24 танҳо зиндагӣ мекунад.
Раҷаб баъди ба ҳамаи саволҳояш ҷавоб гирифтан ба навбатдори шўъбаи милитсия изҳори миннатдорӣ баён карда ба кўча баромад.

Синну сол Мардон Давронов аз чилу панҷ нагузашта бошад ҳам, пеши сараш мўй надошт.

пешина
аз 315
навбатӣ