Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Раҷаб ба Ҳошим муроҷиат кард.

  • Дар он ҷо кӣ истиқомат мекунад?
  • Ба фикрам директори хонаи маданият Мардон Давронов, – ҷавоб дод ў.
  • Ў ҳоло дар куҷо бошад?
  • Намедонам. – ҷавоб дод Ҳошим.
  • Хонаро аз назар гузаронидан лозим меояд!
  • Инаш барои чӣ? – пурсид бо тааҷҷуб Ҳошим Ҳашаров.
  • Барои чӣ мешуд, барои ана ин?! – ба торҳои ҳамоил ишора карда гуфт Раҷаб Нуров.
    Ҳошим ба назди ў омада, торҳои ба чашм на он қадар аёни аз таги тиреза ба поён ҳамоилро дид.
  • Аҷиб-ку! Ба торҳои матои докагине, ки дар он соатҳо печонида шудааст, монанд барин, бори аввал ман чаро ба ин аҳамият надодам? Гапатон дуруст, Раҷаб Нурович! Хонаро аз назар гузаронидан лозим меояд, лекин ҳоло ин корро карда наметавонем! – гуфт ў.
  • Барои чӣ?
    – Барои он ки Мардон Давронов отпускаи меҳнатӣ гирифта ба ким-куҷое ба дамгирӣ рафтааст. Пас аз ҳашт ё даҳ рўз бармегардад, – ҷавоб дод Ҳошим.
  • Ин хел бошад, ба фикри шумо чӣ кор кардан лозим?
  • Сабр – ҷавоб дод ў.
  • Шумо сабр кунед, ман сабр карда наметавонам. Кори мо таъхирро намепарварад. Ин корро ҳатман ва худи ҳозир кардан лозим! – гуфт бо қатъият Раҷаб Нуров.
  • Хонаи як одами дуппа-дурустро дар набудани худаш кофту коб кардан аз рўи адолат намешавад, ҳаминро ҳам фикр кардан лозим, ки хонаро кофту коб кунем, мардум аз ў гумони бад мебарад, баъд ба инаш чӣ мегўем? – гуфт дар ҷавоб Ҳошим.
  • Агар хона тинҷ бошад, узр пеш овардан бадие надорад. Аз Мардонов ҳам бахшиш мепурсему аз мардум ҳам.
  • Мансур ба гап ҳамроҳ шуд:
  • Раҷаб Нуров дуруст мегўяд, кӣ медонад, дар ин ҷо чӣ сир ҳаст, хонаро ҳатман ва худи ҳозир кофтукоб кардан лозим меояд!
пешина
аз 315
навбатӣ