ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
– гуфт ў.
Ҳошим дигар муқобилият накард. Ҳар се ба иҷрои ин масъала шурўъ карданд. Онҳо бо ду шахси холис ва намояндаи комитети иҷроия ба ошьёнаи дуюм баромада даре, ки дар пештоқи он хонаи 17 навишта шуда буд, кушода ба дарун даромаданд.
Дар паси дари даромадгоҳ пардаи аз матои докагии духташуда овезон, қисми поёнии он даронда шуда буд. Раҷаб Нуров пораи докае, ки дар он соатҳои ёфташуда печонида шуда буданд, паҳн карда ба қисми даронидашуда пардаи докагинро пайваст кард. Маълум шуд, ки докапорае, ки дар он соатҳо печонида шуда буданд, ҷои даронидашудаи пардаи докагин мебошад, фарқияташ фақат дар он буд, ки порчаи докаи соатҳо печонида шуда, ба обу хок омехта шуда, каме рангаш дигар шуда буду халос. Пас аз муайян шудани ин масъала ҳама ба шўъбаи милиция баргаштанд.
Баъди фосилае инспектори шўъбаи кофтукови ҷиноят Мансур Ҳамдамов Петренко Мариона Александровна ба ҳамроҳии се зане, ки ба ў ҳамқаду қомат буданду хело монандӣ ҳам доштанд, ба назди Раҷаб даровард.
Бо хоҳиши Раҷаб Нуров занҳо мўйҳои сунъиро ба сарашон пўшиданд. Петренко Мариона Александровна бошад аз чунин ранг гирифтани кор худашро гум карда, чун мўи ба оташ афтида ба худ мепечид. Вай саросема шуда, мўи сунъии дар дасташ бударо, ба сараш напўшида ҳайрон меистод. «Хонаро кофтукоб кардаанд. Набошад инро аз куҷо меёфтанд? Бало занад! Дигар муқобилият нишон додан бефоида!» – фикр мекард худ ба худ.
Раҷаб рафтор ва ҳолати Марионаро назорат мекард. Мариона инро пай бурда, мўи сунъиро аз болои мўйҳояш пўшид Бо хоҳиши Раҷаб Нуров, занҳо мўйҳои сунъиро пўшида бо шона ба тартиб оварданд.
Раҷаб қаламчўби химиконидашударо гирифта, аз занҳо хоҳиш кард, ки дар бари рухсораи чапашон хол гузоранд. Занҳо хоҳиши ўро иҷро карданд. Мариона ҳам дар бари рўи чапаш як холи начандон калоне сохт. Пас аз паҳлўи рости Мариона як зан, аз паҳлўи чапаш бошад, ду зани дигарро шинонда, аз Мансур Ҳамдамов хоҳиш кард, ки шоҳидро дароранд. Ба кабинет Надежда Петровна даромад.
Раҷаб Нуров ба ў муроҷиат карда пурсид:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё