ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан- Шумо мехонед ё кор мекунед?
- Мехонам.
- Аниқаш?
- Дар университети давлатӣ, факултети ҳуқуқшиносӣ, донишҷўи курси чорум, номам Саодат.
- Кифоя! Ташаккур. Маълум мешавад ки бо одами ҷиддӣ вохўрдам. Баъди панҷ дақиқа корманди прокуратура, судья, адлия, милиция.
- То он рўз боз як харбузапази дигар, лозим.
- Ҳеҷ гап не. Чашм мекушоеду мебинед, ки харбузапаз гузашта рафтааст. Агар бо тақозои замон кори ман ба дасти шумо афтад, чӣ кор мекунед?
- Намедонам. Дида арз мекунем. Шумо аз рўи гапатон аз одамҳое нестед, ки коратон ба дасти ман афтад.
- Кўшиш мекунам, ки корам ба шумо наафтад. – Салим табассум карда лаҳзае ба чеҳраи лолагуни духтар синчакунон таваққуф намуд. Духтар шарм карда сар хам кард.
- Барои чӣ ба ман ин хел менигаред? Дарвоқеъ чаро шумо худатонро ба ман шинос накардед?
- Шинос мекунам Саодатхон. Боз як саволи дигар. Ман метавонам бо Шумо умед бандам?
Саодат китф дарҳам кашид.
Салим ҳуҷҷаташро бароварда ба духтар нишон дод. Саодат лаҳзае ба сатрҳои андаруни вай чашм давонда ханда ба зудӣ аз лабонаш дур шуд. Чеҳрааш ҳолати ҷиддӣ гирифт. Ба маънии саволи Салим сарфаҳм рафт. - Агар бемалол бошад, ҳуҷҷататонро нишон диҳед, – хоҳиш кард Салим.
Саодат сумкачаашро кушода дафтарчаи студентиашро берун овард ва «марҳамат» гўён ба Салим дароз кард. Вай аввал гирду атрофро, то ки Менглиқул онҳоро назорат накарда бошад, синҷа кард. Менглиқул наменамуд. Вай дафтарчаро кушода ба он назар кард ва ба Саодат рўй овард. - Бубахшед, кори мо ҳаминро талаб мекунад, Саодатхон.
- Ҳеҷ гап не. Хуш, шуморо гўш мекунам.
- Ана дидед, харбузапаз нагузашта кори ман ба шумо афтид. Маҷбурам хоҳиш кунам, ки мадад расонед. – Салим фарох табассум карда, баъд ба худ қиёфаи ҷиддӣ гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё