ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан- Саодатхон, маро бо диққат гўш кунед. Ба души ман ва инак, агар шумо розӣ бошед, ба души шумо низ имтиҳони ҷиддӣ афтод. Аз он бо сарбаландӣ баромадан аз ману шумо эҳтиёт ва ҷиддияти тамомро талаб мекунад.
- Гўш мекунам, Салим – ака, – оҳиста сухан кард Саодат.
Салим тамоми гапро ба ў фаҳмонда дар охир гуфт, ки Менглиқул хело одами хавфнок, мумкин аз қафои ў назорат барад, барои ҳамин ҳам аз вай хоҳиш кард, ки то метавонад, эҳтиёткор бошанд.
Духтарак розӣ шуда адреси ҷои истиқомати муваққатиашро гуфт. Онҳо даст дода хайрухуш карданд. Салим боз ба ҷои пештара рафта истод.
Менглиқул пайдо шуд. - Ҳамшаҳриат духтари зебо-ку! Ба ягон ҷо таклиф кунем, чӣ мегўӣ? – пурсид ў ба ҷониби духтарак бо нигоҳи харидорӣ нигариста.
Салим боварии том ҳосил кард, ки Менглиқул аз ақиби ў назорат мебарад ва ўро санҷиданӣ ҳаст. - Бисёр нағз мешавад, – гуфт.
- Хело хуб, рафтем ўро ба ресторан таклиф мекунем! – гўён ҳар ду ба назди духтарак рафтанд. Менглиқулро ба ў шинос кард.
- Номи ман Саодат, – худро шиносонд духтар, вале ба таклифи ресторонравӣ розӣ нашуд.
- Набошад, бегоҳӣ мана ба ин адрес биё! – гуфт Менглиқул адреси хонаашро дода. – Акнун ба мо ҷавоб. Канӣ, рафтем! – амр кард вай ба Салим.
- Агар розӣ бошӣ, ман ҳамшаҳриамро то ҷои истиқоматаш бурда монам! – хоҳиш кард Салим.
- Хайр, майлаш, лекин бисёр дер накун.
- Дер намекунам!
Дар роҳ Салим ба Саодат фаҳмонд, ки ба унвони Раҷаб Нуров бо чунин мазмун телеграмма фиристад. «Менглиқул ёфт шуд, «Медвед» директори хонаи маданияти ноҳияи ҳамсоя. Ҳоло баргашта наметавонам». - Номи шахси телеграмма медодагиро худат ёб, ин корро тавре кун, ки касе пай набарад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё